Дар бахши Сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳри Норак хизматрасонӣ пурра ба таври ғайринақдӣ ба роҳ монда шудааст

Октябрь 10, 2023 09:53

НОРАК, 10.10.2023. /АМИТ «Ховар»/.  Мутахассисони бахши   Сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳри Норак то имрӯз 2322  сабт, аз ҷумла 1335 сабти  таваллуд, 354 ақди  никоҳ, 138 сабти вафот, 161 сабти давлатии муқаррар намудани падарӣ, 205 сабти иваз намудани насаб, ном ва номи падар ва 8 сабти давлатии фарзандхониро  ба қайд гирифтаанд, ки хизматрасонии онҳо тариқи ғайринақдӣ тавассути дастгоҳи POS-терминал  амалӣ гардидааст. Дар ин хусус ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд  дар бахши  Сабти асноди ҳолати шаҳрвандии  шаҳри Норак иттилоъ доданд.

Мудири бахши САҲШ-и Норак Сарвиноз Саидмуродзода иброз дошт, ки “ҷиҳати сари вақт амалӣ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ»  Филиали КВД «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» дар шаҳри Норак дар асоси шартномаи тарафайн ба муассисаи мо як POS-терминал ворид намуд. Хушбахтона, сокинони шаҳр бо кортҳои фарогир таъмин гардидаанд ва имрӯзҳо мутахассисони САҲШ бе мушкилӣ аз ин дастгоҳ истифода менамоянд”.

Бояд гуфт, ки низоми муосири пардохти давлатӣ ва дигар амалиёти ғайринақдӣ талаботи замон буда, дар баробари осон гардонидани хизматрасонии пулӣ, инчунин ба ҳалли дигар мушкилоти ин самт мусоидат менамояд. Гузариш ба низоми ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ омили таъмини шаффофият дар раванди ҳама гуна пардохт арзёбӣ гардида, шаҳрвандон метавонанд ҳама гуна амалиёти бонкиро ба таври осон ва бе сарфи вақти зиёдатӣ анҷом диҳанд.

Филиали КВД «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» дар шаҳри Норак  ба воситаи  5 маркази хизматрасонии бонкӣ, 5 нуқтаи хизматрасонӣ дар бинои маъмурӣ, 45 POS-терминал дар  марказҳои савдо ва беморхонаи марказӣ, маркази саломатӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳо  ба сокинон хизмат мерасонад. Бонки мазкур ба зиёда аз 17 500 мизоҷ тариқи кортҳои пардохтӣ хизмат мерасонад, ки аз ин шумора 4000 адади он корти фарогир мебошад.

Дар самти ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ ба шаҳрвандоне, ки кортҳои пардохтӣ доранд, тавассути замимаи барномаи «Амонатмобайл», барномаи «Фронт-офис» ва барномаи «Интернетбонк» хизмат расонида мешавад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Октябрь 10, 2023 09:53

Хабарҳои дигари ин бахш

ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Созишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои аъзои ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид