Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон машғулияти омӯзиши қоидаҳои нави имлои забони тоҷикӣ оғоз гардид

Октябрь 22, 2023 10:00

ДУШАНБЕ, 22.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Шуруъ аз  18 октябр дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ барои омӯзгорон машғулияти омӯзиши қоидаҳои нави имлои забони тоҷикӣ ва аломатҳои китобати забони тоҷикӣ бо мақсади амалӣ намудани талаботи ягона оид ба риояи имло оғоз гардид.

Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин донишгоҳ иттилоъ медиҳад.

Мутобиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2021 ба  «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ» 108 тағйирот ворид гардид, ки онро на ҳамаи устодон риоя менамоянд. Аз ин рӯ, зарурати баргузории машғулияти омӯзиши қоидаҳои нави имлои забони тоҷикӣ, пеш аз ҳама, ба омӯзгорони факултетҳои ғайрифилологӣ пеш омада буд. Ҳадафи асосии дарсҳо- шинос шудан бо қоидаҳои нави имлои забони тоҷикӣ, бехато навиштани вожаҳо, ибораҳо, ихтисораҳо ва калимаҳои иқтибосӣ, инчунин риояи аломатҳои китобати забони тоҷикӣ мебошад.

Ин тадбир ба татбиқи амалии сиёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷодаи забон, инчунин тақвияти донишҳои назарӣ ва таҳкими фаъолияти амалии устодон мусоидат менамояд.

Дарсҳоро устодони собиқадори кафедраи умумидонишгоҳии забони тоҷикӣ ҳар ҳафта рӯзи чоршанбе мегузаронанд.

АКС аз бойгонӣ

Октябрь 22, 2023 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ 10 муассисаи томактабӣ бунёд мегардад
Маорифчиёни ноҳияи Шоҳмансур Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар сатҳи баланд таҷлил намуданд
МАСЛИҲАТ БА ДОВТАЛАБ. Ҳангоми интихоби касб довталаб бояд бештар дониш ва истеъдодашро ба назар гирад
Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Барои пурсамар гузаронидани давраи таътил ба хонандагон мутолиаи кадом китобҳо тавсия дода мешавад?
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд