Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон машғулияти омӯзиши қоидаҳои нави имлои забони тоҷикӣ оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 22.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Шуруъ аз 18 октябр дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ барои омӯзгорон машғулияти омӯзиши қоидаҳои нави имлои забони тоҷикӣ ва аломатҳои китобати забони тоҷикӣ бо мақсади амалӣ намудани талаботи ягона оид ба риояи имло оғоз гардид.
Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин донишгоҳ иттилоъ медиҳад.
Мутобиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2021 ба «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ» 108 тағйирот ворид гардид, ки онро на ҳамаи устодон риоя менамоянд. Аз ин рӯ, зарурати баргузории машғулияти омӯзиши қоидаҳои нави имлои забони тоҷикӣ, пеш аз ҳама, ба омӯзгорони факултетҳои ғайрифилологӣ пеш омада буд. Ҳадафи асосии дарсҳо- шинос шудан бо қоидаҳои нави имлои забони тоҷикӣ, бехато навиштани вожаҳо, ибораҳо, ихтисораҳо ва калимаҳои иқтибосӣ, инчунин риояи аломатҳои китобати забони тоҷикӣ мебошад.
Ин тадбир ба татбиқи амалии сиёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷодаи забон, инчунин тақвияти донишҳои назарӣ ва таҳкими фаъолияти амалии устодон мусоидат менамояд.
Дарсҳоро устодони собиқадори кафедраи умумидонишгоҳии забони тоҷикӣ ҳар ҳафта рӯзи чоршанбе мегузаронанд.
АКС аз бойгонӣ








Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд






