Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо намояндаи Барномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳифзи муҳити зист мулоқот доир шуд

Октябрь 31, 2023 09:32

ДУШАНБЕ, 31.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо иштироки Роҳбари Департаменти робитаҳои байналмилалии Барномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Ҷамил Аҳмад ва устодону донишҷӯёни вохӯрӣ доир гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи миллӣ.

Зимни вохӯрӣ ректори донишгоҳ, профессор Қобилҷон Хушвахтзода иброз дошт, ки яке аз масълаҳои умдаи байналмилалӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба он ҷалб намудааст – коҳиши пиряхҳо дар кураи Замин мебошад. Пиряхҳо манбаи асосии обӣ дар тамоми давлатҳо ба шумор рафта, барои бо об таъмин намудани аҳолӣ хизмат менамоянд.

Дар шароити ҷаҳонишавиии муосир ва бархурди манфиатҳои миллӣ ҳифзи муҳити зист масъалаи муҳимми ин раванд дониста мешавад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти обу иқлим, хусусан иқдоми ҳимояи пиряхҳо ташаббусҳои ҷаҳонӣ пешбарӣ намуданд, ки аз ҷониби СММ ва давлатҳои гуногун ҷонибдорӣ гардиданд. Вобаста ба ин барои ноил шудан ба ҳадафу вазифаҳои созанда оид ба ҳифзи муҳити зист ва махсусан захираҳои пиряхҳо ҳар субъекти ин раванд бояд ташаббускорӣ нишон диҳад, то ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳадафҳои олии худ расад.

«Таҷрибаҳои ҷаҳонӣ исбот намудаанд, ки дар ҷараёни ҳалли проблемаҳои мавҷудаи экологӣ бо мақсади устувории экологӣ танҳо як давлати алоҳида ба кори арзишманде ноил шуда наметавонад. Имрӯз барои ҷилавгирӣ аз мушкилоти экологӣ зарурат ба миён омадааст, ки ташаббускорӣ якҷоя бо тамоми давлатҳои минтақа ва ҷаҳон анҷом дода шавад»,-гуфта шуд дар вохӯрӣ.

АКС: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Октябрь 31, 2023 09:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ғолибони Олимпиадаи байналмилалии химияро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст