Дар Душанбе ҷаласаи 77-уми Шурои роҳбарони хадамоти гумруки давлатҳои аъзои ИДМ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 12.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 77-уми Шурои роҳбарони хадамоти гумруки мамлакатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил /ИДМ/ баргузор гардид, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».
Дар ҷаласа роҳбарони хадамоти гумруки Озарбойҷон, Беларус, Қазоқистон, Русия, Тоҷикистон ва Узбекистон иштирок намуданд. Роҳбарони мақомоти гумруки Арманистон ва Қирғизистон ба таври маҷозӣ иштирок доштанд.
Дар мулоқот роҳбарони мақомоти гумруки ИДМ масъалаҳои марбут ба ҳамкории гумрукӣ, аз ҷумла таҳияи лоиҳаи Созишнома дар бораи Маркази экспертиза ва тадқиқоти мақсадҳои гумрукии мақомоти гумруки мамлакатҳои аъзои ИДМ-ро баррасӣ намуда, қарорҳои дахлдор қабул намуданд. Гуфта шуд, ки ҳадафи асосии ин созишнома таҳияи равишҳои ягона, ҳамоҳангсозии иттилоот, ҳамкории таҳлилӣ, илмӣ, методӣ ва амалии тарафҳо ҳангоми гузаронидани экспертиза ва тадқиқот мебошад.
Таъкид шуд, ки имрӯз масъалаи интиқоли бемамониати молҳо аз сарҳади гумрукии мамлакатҳои ИДМ муҳим боқӣ мемонад.
Ҳамчунин дар ҷаласаи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки мамлакатҳои аъзои ИДМ Ёддошти тафоҳум дар бораи муттаҳид намудани мақсадҳои мақомоти гумрук доир ба андешидани тадбирҳои зарурӣ ҷиҳати суръат бахшидан ба ҳамлу нақли транзитӣ, инчунин барасмиятдарории моли зудвайроншаванда қабул гардид.
Дар Ёддошти тафоҳум пешниҳод мешавад, ки тадбирҳои андешидашавандаи мақомоти гумрук бо мақсади содагардонии савдо, иттилоотонӣ дар бораи лоиҳаҳои инфрасохторӣ дар нуқтаҳои гузариш дар қаламрави давлатҳои худ, ки ба афзоиши қобилияти гузариши онҳо равона шудаанд, муайян шаванд.


Роҳбарони мақомоти гумруки давлатҳои ИДМ инчунин таҷрибаи кори худро оид ба ташкили низоми пайгирии интиқоли моли транзитӣ бо истифодаи пломбаҳои навигатсионӣ баён намуданд. Низоми пайгирии сохташуда худро ҳамчун воситаи боэътимод ва универсалӣ нишон дод, ки ба назорати фосилавии интиқоли молҳо ва воситаҳои нақлиёт имкон медиҳад.
Мавзуи дигари баҳси роҳбарони мақомоти гумруки мамлакатҳои ИДМ ошкор шудани ҳолатҳои воридоти техникаи маишӣ аз ҷониби шахсони воқеӣ дар шакли ҷудошуда буд, ки имкон медиҳад онҳо аз пардохти боҷи гумрукӣ ва андоз саркашӣ намоянд. Дарвоқеъ, моли нав барои воридот эълом карда мешавад, аммо қисмҳои норасида имкон намедиҳанд, ки моли воридотӣ вазифаи худро иҷро намояд. Ин вазъият андешидани тадбирҳои вокуниш ба хотири ҳифзи манфиатҳои иқтисодии мамлакатҳои ИДМ, инчунин аз байн бурдани шароити воридоти молҳо барои шахсони воқеӣ бе пардохти боҷи гумрукиро тақозо менамояд.
Такид гардид, ки вақтҳои охир дар нуқтаҳои гузаргоҳи бисёрҷонибаи автомобилӣ дар давлатҳои ИДМ ҳолатҳои фавқулода дар амалиёти гумрукӣ ва назорати гумрукӣ ба мушоҳида мерасанд. Боз мондани воситаҳои нақлиёти боркаш, ки сабабҳои мушаххаси он гуногун аст, инчунин далелҳои тасдиқи тӯлонии шахсоне, ки сарҳадро убур менамоянд, ба таври возеҳ ба рушди иқтидори транзитӣ мусоидат наменамояд ва то андозае эътибори хадамоти гумрукро дар байни доираҳои тиҷоратӣ коҳиш медиҳад.

Дар ҷаласа ҳамзамон ба омода намудани кадрҳои касбӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Дар шароити амиқ гардидани ҳамгироӣ ва шадид шудани рақобат ба сатҳи омодагии касбии шахсони мансабдори мақомоти гумрукӣ ҳангоми амалӣ намудани маъмурикунонии гумрукӣ ҷиҳати ҳимояи иқтисодиёти миллӣ ва таъмини амнияти иқтисодии давлатҳои ИДМ торафт талаботи баландтар гузошта мешавад.
Дар ҷаласаи 77-уми Шурои роҳбарони хадамоти гумруки мамлакатҳои аъзои ИДМ нақшаи кор барои соли 2024, сана ва макони баргузории ҷаласаи 78-уми Шурои роҳбарони хадамоти гумруки давлатҳои ИДМ, инчунин маҷлисҳои коршиносони хадамоти гумруки давлатҳо таҳия гардид.
Баъди ҷаласа байни Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии гумруки Ҷумҳурии Беларус шартҳои техникии ҳамкории иттилоотӣ ба тасвиб расиданд.
Бояд тазаккур дод, ки шартҳои техникии ҳамкории иттилоотӣ дар асоси Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Беларус оид ба низоми мусоидати савдои мутақобила байни Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Каримзода ва Сардори Кумитаи давлатии гумруки Ҷумҳурии Беларус Владимир Орловский 11 октябри соли 2022 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида буданд.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон









Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд






