Дар Душанбе ҷаласаи навбатии Шурои комплаенс баргузор гардид

Октябрь 7, 2023 11:33

ДУШАНБЕ, 07.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Бонки миллии Тоҷикистон ҷаласаи  дуюми Шурои комплаенс (мутобиқат) бо иштироки намояндагони мақомоти танзим ва назорати давлатӣ дар самти  муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом (МҚД/МТ/МПСҚО), аз ҷумла вазоратҳои адлия, молия, хадамоти алоқа, инчунин намояндагони ташкилоти қарзии молиявӣ ва ташкилоти суғуртавии мамлакат баргузор гардид.  Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Дар ҷаласа оид ба пайомадҳои ногувори ҷаҳони имрӯза, аз қабили таҳдидҳо ва маблағгузорӣ ба терроризму ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва аслиҳа, инчунин зиёд гардидани амалҳои қаллобӣ аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ бо роҳи ташвиқ ва тарғибҳои бардурӯғ тавассути фазои интернетӣ бо мақсади гирифтани даромади муфт маълумот пешниҳод гардид. Аз иштирокдорон даъват ба амал оварда шуд, ки барои пешгирии чунин зуҳурот якҷоя кӯшишу талош намоянд.

Инчунин намояндагони департаменти мониторинги молиявӣ бо рӯнамоҳо оид ба тағйироти баамаломада дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти МҚД/МТ/МПСҚО, раванди ҳисоботсупорӣ аз ҷониби ташкилоти қарзии молиявӣ ва камбудиҳои ҷойдошта дар фаъолияти онҳо, инчунин баррасии масъалаҳои марбут ба қаллобӣ дар интернет ва роҳҳои пешгирии он сухан гуфтанд.

Ҳамзамон дар ҷараёни муҳокимарониҳо кормандони ташкилоти қарзии молиявӣ вобаста ба масъалаҳои  рӯзномаи ҷаласа мулоҳизаҳои худро иброз дошта, вобаста ба мушкилиҳои ҷойдошта дар фаъолияти корӣ ҷиҳати беҳтар намудани низоми идоракунии хавфҳо ва назорати дохилӣ пешниҳодҳои судманд ироа намуданд.

 АКС: Бонки миллии Тоҷикистон

Октябрь 7, 2023 11:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар «Саноатсодиротбонк» ҷашни Наврӯзро бо анъанаҳои миллӣ истиқбол намуданд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.8000 то 11.0867 сомонӣ муқаррар шудааст
Бонки миллии Тоҷикистон дар Душанбе Фестивали саводнокии молиявӣ мегузаронад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1150 то 0.1168 сомонӣ муқаррар шудааст
Рисолати «Амонатбонк» ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва кафолати хизматрасонии босифати бонкӣ аст
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 11.0344 то 11.0400 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1198 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.8300 то 11.0243 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1195 то 0.1211 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 11.1105 то 11.1395 сомонӣ муқаррар шудааст