Дар Душанбе Маркази минтақавӣ оид ба идоракунии партовҳо таъсис дода мешавад
ДУШАНБЕ, 05.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе бо пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи фаъолияти Комиссияи байнидавлатӣ оид ба рушди устувор Маркази минтақавӣ оид ба идоракунии партовҳо таъсис дода мешавад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ.
Таъсиси ин марказ ба рушди ҳамкории минтақавӣ барои коҳиш додани таъсири манфии партовҳо ба муҳити зист, саломатии аҳолӣ ва ташкили шароити зарурӣ барои танзими идоракунии партовҳо, гузариш ба иқтисоди «сабз», баланд бардоштани муомилоти иқтисодӣ ҳамчун ашёи хоми такрористеҳсолкунӣ бо ҷалби донорҳои маблағгузор мусоидат менамояд.
Ҳадафи асосии ташкили Маркази минтақавӣ тавсеаи ҳамкории муштарак ба нафъи тамоми давлатҳои Осиёи Марказӣ дар соҳаи идоракунии партовҳои муосир, ташкили механизми ҳамоҳангсозӣ ва маблағгузорӣ, муайян намудани мушкилоти мавҷудаи давлатҳои Осиёи Марказӣ дар соҳаи идоракунии партовҳо ва коркарди партовҳо тавассути ташаккули механизмҳои самараноки ҳамкории минтақавӣ, манфиатҳои иқтисодии корхонаҳо, ташкилот, баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ, пешгирии ифлосшавии муҳити зист, кам намудани ҳосилшавии партовҳо, барои истеҳсоли молҳои рӯзгор ҳамчун ашёи хом истифода бурдани партовҳо, истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ ва ноил шудан ба Ҳадафҳои рушди устувор мебошад.
Таҳкими иқтидори Комиссияи байнидавлатии рушди устувори Осиёи Марказӣ ва сохторҳои он, ҳамкории мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои Осиёи Марказӣ дар соҳаи идоракунии партовҳо ҷиҳати ҷалби маблағ аз донорҳо, бахши хусусӣ ва дигар кишварҳои дахлдор аз вазифаҳои дигари марказ мебошад.
Сиёсати ҳадафмандонаи Ҳукумати Тоҷикистон дар масъалаҳои глобалии экологӣ дар сатҳи байналмилалӣ, минтақавӣ ва миллӣ доир ба ҳалли мушкилоти экологӣ ба ҳифзи саломатии аҳолӣ ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ равона гардида, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ мунтазам ҷонибдорӣ меёбад. Қабули силсилаташаббусҳои Ҳукумати Тоҷикистон аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид доир ба масъалаҳои марбут ба об исботи ин гуфтаҳо аст.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон саршумори бузи кӯҳии Морхӯр ба ҳисоб гирифта шуд
Марҳилаи дуюми лоиҳаи «Сохтмони шабакаҳои барқӣ дар деҳоти Ромит» оғоз гардид
Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Дар шаҳри Ҳисор кишти пунбадона оғоз ёфт
Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад






