Дар Душанбе масъалаи дастрасии аққалиятҳои миллӣ ба таҳсил дар Тоҷикистон баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 18.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Гузоришгари Созмони Милали Муттаҳид оид ба аққалиятҳои миллӣ Фернанд де Ваден вохӯрӣ доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми мамлакат хабар доданд.
Дар мулоқот гуфта шуд, ки Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои он шарикони муҳими Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, дар самти ислоҳоти соҳаи маориф ва илм саҳмгузор мебошанд.
Фернанд де Ваден изҳор дошт, ки вохӯрии имрӯза дар равнақи ҳамкории минбаъда таккони ҷиддӣ хоҳад бахшид.
Дар вохӯрӣ масъалаи дастрасии аққалиятҳои миллӣ ба таҳсил дар Тоҷикистон, ҳамкории дуҷониба ва рушди минбаъдаи он мавриди баррасӣ қарор гирифт.
АКС: Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон








Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан супорида шуданд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишгоҳи политехникии Москва бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба ҷашни 40-солагии Истиқлоли давлатӣ ва фарҳанги истифодаи неруи барқ ҳамоиш доир шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо муассисаҳои илмии вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад






