Дар Душанбе масоили мубрами назария ва амалияи таҳқиқоти педагогӣ ва дурнамои рушди он баррасӣ гардид

Октябрь 20, 2023 14:44

ДУШАНБЕ, 20.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Пажуҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ дар толори Академияи таҳсилоти Тоҷикистон таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами назария ва амалияи таҳқиқоти педагогӣ: дурнамои рушди он дар замони муосир» конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон хабар доданд.

Дар конференсия тазаккур дода шуд, ки амалӣ сохтани тамоми иқдом, аз ҷумла баргузории конфренсияҳои сатҳи байналмилаливу ҷумҳуриявӣ дар самти рушди илму маориф, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ва тарбияи кадрҳои ба талаботи замон ҷавобгӯ, баланд бардоштани мақоми омӯзгор, таҳияи маводи таълимӣ, заминаҳои методии инкишофи таҳқиқот дар педагогика ва татбиқи муносибати босалоҳият дар раванди таълим омилҳои таъсиррасон дар рушди соҳаи маориф ба шумор мераванд.

Ёдовар мешавем, ки дар оғози конференсия дар бинои Пажуҳишгоҳи рушди маориф «Маркази омӯзиши осори Пешвои миллат» мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Дар маҷмуъ, ба конференсия мақолаву маърузаҳои зиёд пешниҳод гардиданд, ки дар шакли китоби алоҳида ба чоп мерасанд.

АКС: Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 20, 2023 14:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд