Дар Душанбе нахустин маротиба Мусобиқаи кушоди варзишии «Дави Бокс» доир шуд

Октябрь 28, 2023 14:41

ДУШАНБЕ, 28.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар майдони 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бори нахуст ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (16 ноябр) ва солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Мусобиқаи кушоди варзишии «Дави Бокс» доир гардид.

Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин мусобиқаи варзишӣ беш аз 45 000 нафар иштирок намуданд. Дар байни онҳо варзишгарони касбӣ, ҳаваскорон, ҷавонону наврасон ва собиқадорон иштирок карданд. Дави бокс дар се марҳила: барои кӯдакону наврасон дар масофаи 500 метр, барои калонсолон – 6 км ва барои варзишгарони касбӣ ба масофаи 10 км гузаронида шуд.

Мавриди тазаккур аст, ки ин мусобиқа бо дастгирии молиявии Федератсияи ҷаҳонии бокс ва бо ташаббуси Федератсияи бокси Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Хадаф аз баргузории он таъмини оммавияти варзиш, таҳкими тарзи ҳаёти солим, инчунин ғамхории доимӣ ҷиҳати дастгириҳои молиявию моддии варзишгарони муваффақи мамлакат мебошад.

АКС аз манбаъҳои боз

Октябрь 28, 2023 14:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Ёвон ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи гӯштини ҷудо қадрдонӣ карда шуданд
PARIMATCH TAJIKISTAN ва КФ «Хуҷанд» оғози шарикии бузургро эълон карданд
Бозии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби занонаи Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ мусовӣ анҷом ёфт
ҶОМИ ҶАҲОН ОИД БА БОКС. Аз Тоҷикистон дар ин мусобиқа даҳ варзишгар иштирок мекунад
Дар ноҳияи Данғара фестивали бозиҳои миллӣ бо шукуҳи хосса баргузор шуд
Лигаи футболи Тоҷикистон дар остонаи мавсими нав барои комиссарон семинари омӯзишӣ баргузор кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футболи электронӣ нахустин маротиба дар мусобиқаи FIFAe Nations League иштирок мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол бо тими Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ду бозии дӯстона доир мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол дар Душанбе ба машқҳои дастҷамъона фаро гирифта шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар Ҷопон дар мусобиқаи байналмилалӣ иштирок кард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) оид ба футбол дар «Ҷоми рушд-2026» ҷойи панҷумро соҳиб гардид
Дастаҳои футболи Тоҷикистон бо дастурҳои навшудаи доварон барои мавсими 2026 шинос шуданд