Дар Душанбе вазъи таъмини муассисаҳои таълимӣ бо омӯзгорон ва дигар масъалаҳои соҳаи маориф баррасӣ шуданд

Октябрь 17, 2023 13:25

ДУШАНБЕ, 17.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ҷиҳати таъмини муассисаҳои таълимии пойтахти мамлакат бо кадрҳои омӯзгорӣ тадбирҳои зарурӣ меандешад. Ин масъаларо масъулин зимни ҷаласаи корӣ дар сарраёсати маорифи пойтахт баррасӣ намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе хабар доданд.

Ҳамзамон дар ҷаласа масъалаҳои омода намудани хонандагони муассисаҳои таълимии пойтахт ба озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм-фурӯғи маърифат», «Тоҷикистон-Ватани азизи ман», баргузории корҳои ободонӣ ва омодагӣ ба мавсими ниҳолшинонӣ, баргузор намудани озмуну мусобиқаҳои варзишӣ ва оро додани биноҳои муассисаҳои таълимӣ бо шиору овезаҳои мувофиқ ба мазмуну моҳияти Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, риояи ахлоқи ҳамидаи инсонӣ ҳангоми муошират бо шаҳрвандон аз ҷониби омӯзгорон ва роҳбарони муассисаҳои таълимии пойтахт, сару либоси тавсиявӣ аз ҷониби омӯзгорону мураббиён ва хонандагон, таҳлили вазъи таъмини муассисаҳои таълимӣ бо кадрҳои омӯзгорӣ ва дигар масъалаҳои ҷорӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Зимни ҷаласа директорони мактаб-интернатҳои шаҳри Душанбе вобаста ба ҳолати таъмини тарбиягирандагон бо хӯрокворӣ, сару либос, китобу маводи хониш, захираи маводи хӯрокворӣ ва омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024 гузориш доданд.

Дар ҷаласа ба масъулин дастур дода шуд, ки ҷиҳати пешгирии муноқишаҳои гурӯҳии хонандагон дар самти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва дар ин замина баланд бардоштани ҳисси ватандӯстию ватанпарастии насли наврасу ҷавон дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдор корҳои фаҳмондадиҳиро вусъат бахшанд.

АКС: Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе

Октябрь 17, 2023 13:25

Хабарҳои дигари ин бахш

МАВЛОНО-ОФТОБИ МАЪРИФАТИ БАШАРӢ. Таҳти ин унвон ҳамоиши илмӣ – адабӣ доир шуд
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Омӯзгори сол — Тоҷикистон-2026» оғоз гардид
Натиҷаҳои озмуни тақсимоти давраи сеюми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ муайян мегарданд
Даври ҷумҳуриявии озмуни «Мураббии сол — Тоҷикистон-2026» оғоз гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Муассисаи таълимии №6-и шаҳри Хоруғ ба номи шодравон Алишери Мирзонабот гузошта шавад»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6-ро мавриди истифода қарор доданд
Солҳои охир теъдоди муассисаҳои таълимӣ дар Бадахшон ба таври бесобиқа афзоиш ёфтааст
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар шаҳру ноҳияҳои Суғд 986 муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Байни Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон ва Донишгоҳи технологии Ланҷоу Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
157 довталаб аз шаҳри Душанбе ба даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» роҳхат гирифтанд
Даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» моҳи октябр баргузор мешавад
ТАШАББУСИ ТОҶИКИСТОН ДАР РУШДИ ЗЕҲНИ СУНЪИИ БЕХАТАР ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Мулоҳизаҳо дар ин маврид