Дар Душанбе вобаста ба таҳсили гуногунфарҳангӣ ва бисёрзабонӣ дар Тоҷикистон конференсия баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 06.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. 5 октябр дар Академияи таҳсилоти Тоҷикистон дар мавзуи «Таҳсилоти гуногунфарҳангӣ ва бисёрзабонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ, Рӯзи омӯзгор ва Соли забони русӣ ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо дар мамлакатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ҳадафи асосии конференсия аз баррасии масъалаҳои мубрам ва қабули чораҳо оид ба такмили шакл ва роҳу усулҳои босамари таълим ва омӯзиши забони русӣ ҳамчун воситаи муҳими муоширати байни миллатҳо ва таълиму омӯзиши забони давлатӣ дар шароити кунунии таҳсилоти гуногунфарҳангӣ ва бисёрзабонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат буд.
Дар конференсия Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Эмомалӣ Насриддинзода, Сафири Русия дар Тоҷикистон, Сафири Қазоқистон дар Точикистон, устодони муассисаҳои таҳсилоти олӣ, унвонҷӯёну аспирантони самти таълими забонҳои тоҷикӣ ва русӣ, намояндагони сохторҳои соҳаи маориф, тариқи маҷозӣ намояндагон аз Русия, Исроил ва Қазоқистон иштирок намуданд
Пеш аз оғози конференсия бинои нави Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ва Пажуҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ ифтитоҳ гардид.
Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Эмомалӣ Насриддинзода ҳамагонро бо Рӯзи забони давлатӣ, конференсияи гуногунфарҳангӣ ва бисёрзабонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ифтитоҳи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ва Пажуҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ табрик намуд.


Президенти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон Муҳаммаддовуд Саломиён дар мавзуи «Аҳамияти таълимиву тарбиявии китобҳои дарсии забони давлатӣ дар муҳити бисёрзабонӣ ва бисёрфарҳангӣ дар низоми таҳсилоти Тоҷикистон», ноиби президенти Академияи таҳсилот Ирина Каримова дар мавзуи «Таҳсили гуногунфарҳангӣ: ҳавасмандгардонии шавқи хонандагон ба донишҳои нав» маъруза намуданд.
Дар маърузаву суханрониҳои иштирокдорон ба таҳлили вазъи кунунии забономӯзӣ дар Тоҷикистон дар партави татбиқи Барномаи такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, такмили стандартҳои фаннӣ, барномаҳои таълим, китобҳои дарсӣ, маводи таълимӣ ва таъмини низоми технологӣ, аз ҷумла мултимедиавӣ, дарёфти механизмҳои ташкилӣ, методӣ, илмӣ ва иттилоотии таъмини раванди таълим ва тарбия дар робита бо стратегияи ташаккули гуногунфарҳангӣ ва бисёрзабонӣ дар Тоҷикистон ва ғайра ишора рафт.
Таъкид гардид, ки баргузории ин конференсия дар низоми таҳсилот барои таҳлили ҳамаҷонибаи дастовардҳо ва мушкилоти мавҷуда, табодули назар роҷеъ ба таҷрибаҳои пешқадами мамлакатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил имконияти хуби илмиву амалӣ фароҳам меоварад.
Дар конференсия як зумра олимон барои саҳми арзанда дар рушди соҳаи маориф бо ифтихорномаи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.
Раъно НУСРАТУЛЛО,
Тоҳир САИД (АКС),
АМИТ «Ховар»








Хабарнигорони Қирғизистон аз табиати дилфиреби ноҳияи Варзоб ва бозори «Меҳргон» боздид намуданд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти НБО-и «Норак» шинос шуданд
РАНГОМЕЗИИ НАВРӮЗ. Дар Узбекистон намоиши асарҳои рассомони тоҷик баргузор шуд
Дар шаҳри Бишкек Бозиҳои Делфӣ ба таври бошукуҳ ифтитоҳ шуданд
Дар Узбекистон Рӯзҳои кинои Тоҷикистон баргузор гардиданд
25 март даври дуюми Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» ҷамъбаст мегардад
Хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти ду шабакаи телевизонӣ дар Тоҷикистон ва студияҳои сабти овоз шинос гардиданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Бозиҳои байналмилалии Делфӣ дар Қирғизистон иштирок дорад
Намоишномаи ҳунармандони Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар дар Узбекистон пешниҳод мегардад
«ДӮСТИИ АДАБӢ — ДӮСТИИ АБАДӢ». Бо иштироки аҳли фарҳангу санъати Тоҷикистону Узбекистон ҳамоиш доир шуд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон аз як қатор ҷойҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон боздид намуд
Рӯзҳои кинои Тоҷикистон дар Узбекистон доир мешавад






