Дар Хуҷанд оид ба пешгирии ҳолатҳои ифшои сирри давлатӣ дар матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма машварат доир шуд
ДУШАНБЕ, 14.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Хуҷанд дар мавзуи «Пешгирии ҳолатҳои ифшои сирри давлатӣ дар матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма» дар доираи Барномаи давлатии таҳкими ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026» машварати омӯзишӣ доир шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Машварат бо мақсади пешгирии ифшои сирри давлатӣ ва дигар иттилооти дастрасиаш маҳдуд дар матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма баргузор гардид.
Дар машварат тазаккур дода шуд, ки дар доираи сиёсати хирадмандонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри фаъолияти бонизоми воситаҳои ахбори омма заминаҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва дигар шароити созгори корӣ фароҳам оварда шудаанд. Дар ин замина воситаҳои ахбори омма бо фаъолияти самарабахши худ баҳри рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ нақши босазо мегузоранд.
Тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари пешниҳоди доираи васеи салоҳият ва ҳуқуқу озодиҳо барои воситаҳои ахбори омма, инчунин масъулияти мушаххас барои мутобиқ ба талаботи қонунгузорӣ будани маводи чопшуда, махсусан пешгирии ифшои иттилооти дастрасиаш маҳдуд дар онҳо пешбинӣ гардидааст, ки ин аз таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ дар ин самт сарчашма мегирад.
Дар ҷараёни машварат мутахассисони соҳа доир ба нозукиҳои пешгирии ифшои сирри давлатӣ дар матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма, тартиби дурусти ташхиси маводи омодашуда пеш аз чопи он, инчунин тадбирҳои ҷавобгарии қонунӣ зимни ифшои сирри давлатӣ дар маводи чопӣ андешаронӣ намуданд.
Яке аз роҳҳои афзалиятноки пешгирии ишфои сирри давлатӣ дар матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма- ин баргузории чорабиниҳои омӯзишӣ ва тибқи талаботи қонунгузорӣ сари вақт ба мақомоти ваколатдори давлатӣ расонидани нусхаҳои ройгони маводи чопӣ шуморида шуда, мушкилиҳои ин самти фаъолият баррасӣ гардиданд.
Дар охири машварат ба иштирокчиён санадҳои меъёрии ҳуқуқии ин самти фаъолият ва дигар маводи зарурӣ дастрас шуда, тасмим гирифта шуд, ки робитаи байни Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ бо масъулини матбуот ва дигар воситаҳои ахбори оммаи вилоят баҳри мақсаднок амалӣ намудани фаъолият тақвият бахшида шавад.
АКС: Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






