Дар Ҳисор ғолибони даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» қадрдонӣ карда шуданд
ДУШАНБЕ, 14.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. 13 октябр дар Кохи фарҳанги шаҳри Ҳисор чорабинии пуршукӯҳи тантанавӣ баргузор гардида, ғолибони даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» бо Диплому ҷоизаҳои таъсиснамудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр сарфароз гардонида шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор хабар доданд.
Тавре таъкид гардид, озмун чун солҳои қаблӣ дар сатҳи баланди ташкиливу маънавӣ бо иштироки доираи васеи дӯстдорони китоб баргузор гардид ва дар даври якум зиёда аз 10041 нафар иштирок намуда, 4183 нафар ба даври шаҳрӣ роҳхат гирифтанд. Аз ин миқдор 2735 нафар дар даври навбатӣ иштирок намуда, ҳакамони озмун 57 нафарро ҳамчун ғолиби даври шаҳрӣ эътироф намуданд ва ба даври минтақавӣ роҳхат доданд. Аз байни довталабони даври минтақавӣ 22 нафар ғолиб ва соҳиби роҳхат ба даври ниҳоии озмун – даври ҷумҳуриявӣ гардиданд.
Масъулон барои ҷалби боз ҳам бештари дӯстдорони китоб ба озмунҳои минбаъда вазифадор карда шуданд.
Дар фазои тантанавӣ ба ғолибони даври шаҳрӣ Диплому ҷоизаҳо тақдим гардид.
Ҳунармандони бахши фарҳанг ва кӯдакистонҳои шаҳр барномаи ҷолиби консертиро пешниҳоди ғолибони озмун намуданд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор








ТОҚИДӮЗӢ — ҲУНАРИ ҚАДИМӢ. Равнақи он анъанаҳои миллиро ҳифз менамояд
Моҳи май даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор мегардад
Дар Тоҷикистон ҳунари муҷассамасозӣ ва ҳайкалтарошӣ рушд менамояд
Соли 2026 дар Тоҷикистон чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Моҳи апрел даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон беш аз 78 ҳазор китоб ба табъ расонид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг барои солҳои 2026-2027 ба имзо расид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» доир мегардад
Даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» моҳи апрел оғоз меёбад
Васфу ситоиши Ватан мавзуи аслӣ ва меҳварии тамоми осори Мирзо Турсунзода мебошад
Намояндагони соҳаи фарҳанги Тоҷикистон ва Узбекистон бо орденҳои «Дӯстӣ» ва «Дӯстлик» қадрдонӣ карда шуданд






