Дар Минск оид ба ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи амният маълумот дода шуд

Октябрь 27, 2023 10:08

ДУШАНБЕ, 27.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Содиқ Имомӣ дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони «Амнияти Авруосиё: воқеият ва дурнамо дар ҷаҳони тағйирёбанда», ки 26 октябр дар Мински Ҷумҳурии Беларус оғоз гардид, иштирок намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар ҷаласаи пленарии сатҳи баланд муовини Вазири корҳои хориҷии мамлакат Содиқ Имомӣ суханронӣ намуда, мавқеи Тоҷикистонро оид ба масъалаҳои мубрами амният дар фазои Авруосиё иброз дошт.

Ӯ инчунин иштирокчиёнро бо ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба тақвияти ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи амният равона гардидаанд, шинос намуд.

Конфронс имрӯз, 27 октябр идома меёбад.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 27, 2023 10:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард
Дар Сеул Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Намояндаи Тоҷикистон дар брифинги Конвенсия оид ба ботлоқзор дар Женева иштирок намуд
Дар Ашқобод Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон бо шаҳрдори Риёз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо сардабири рӯзномаи «Алҷарида»-и Давлати Кувайт вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон дар ҳамоиши 42-юми Намоишгоҳ ва Конфронси байналмилалӣ оид ба нафту гази Абу-Забӣ иштирок намуд
Идибек Қаландар дар Муколамаи Манома «IISS Manama Dialogue» иштирок намуд
Ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Лаос мулоқот намуданд
Интишори мусоҳибаи сафири Тоҷикистон дар Кувайт дар рӯзномаи кувайтии «Алҷарида»
Рӯзномаи «The Times Kuwait» мусоҳибаи сафири Тоҷикистонро нашр намуд