Дар наздикии Филипин заминларза бо шиддати 5,1 балл ба амал омад

Октябрь 27, 2023 15:14

ДУШАНБЕ, 27.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Заминларза бо шиддати 5,1 балл дар соҳилҳои ҷазираҳои Филиппин сабт гардид. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин хусус Маркази зилзилашиносии Аврупо ва баҳри Миёназамин хабар додааст.

Маркази заминларза дар километри 215-уми самти шарқи шаҳри Таклобан ҷойгир будааст, ки дар он 242 ҳазор нафар зиндагӣ менамоянд.

Дар бораи осебдидагон ё харобиҳо иттилоъ дода нашудааст, инчунин таҳдиди сунамӣ эълон нашудааст.

Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Октябрь 27, 2023 15:14

Хабарҳои дигари ин бахш