Дар ноҳияи Данғара маъракаи даъвати тирамоҳӣ дар рӯзи аввал анҷом ёфт

Октябрь 3, 2023 10:00

ДУШАНБЕ, 03.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1996-2005 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ» дар ноҳияи Данғара ҳамоиши идонаи Рӯзи даъватшаванда бо гусели ҷавононе, ки ба таври ихтиёрӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваст шудаанд, баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия хабар медиҳад.

Дар ноҳия даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯзи аввал иҷро гардид.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми шарифи Тоҷикистон, ҷавонони мамлакат ва хизматчиёни ҳарбӣ пайваста таъкид менамоянд, ки зираку ҳушёр бошанд ва ҳаргиз фаромӯш насозанд, ки фазои орому осудаи имрӯзаи мамлакат бар ивази ҷони ҳазорон нафар ҷавонмардони ватандӯсту ватанпараст ва бонангу номуси халқи тоҷик ба даст омадааст.


Бояд гуфт, ки  давлату Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати дастгирии ҷавонон тадбирҳои зарурӣ андешидаанд, ки ин ба баланд бардоштани ҳисси ватанпарвариву худшиносии миллӣ, сатҳи маърифату донишандӯзӣ, рушду такомули маҳорату малакаи ҷавонон мусоидат менамояд.

Маъракаи даъвати тирамоҳии ҷавонони аз 18 то 27-сола ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 октябр шуруъ шуда, то 30 ноябр идома меёбад.

 АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара

Октябрь 3, 2023 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид