Дар ноҳияи Шаҳринав бинои Литсей барои хонандагони болаёқат ба истифода дода шуд

Октябрь 7, 2023 15:57

ДУШАНБЕ, 07.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Шаҳринав бинои наву хуштарҳ ва замонавии Муассисаи давлатии таълимии «Литсей барои хонандагони болаёқат» мавриди истифода қарор дода шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ноҳияи Шаҳринав хабар медиҳад.

Литсей барои хонандагони болаёқат барои 620 хонанда бунёд гардида, аз 28 синфхона ва 6 кабинети фаннӣ, аз ҷумла кабинети фанни химия, биология, физика, технологияи иттилоотӣ, технологияи касбу ҳунар, толори варзишӣ, толори фарҳангӣ, майдончаи варзишӣ ва ошхона барои 120 нафар дар як баст иборат мебошад. Дар муассиса машғулият бо забони тоҷикӣ ва русӣ гузаронида мешавад.

Тавре таъкид карда шуд, сохта  ба истифода додани чунин бинои хуштарҳу замонавӣ барои таълиму тарбияи насли наврас бо дастгирии шарикони рушд мояи  хушнудӣ ва фараҳмандии сокинони сарбаланди ноҳия гардид ва  миннатдориву эҳтироми самимонаи мардуми ноҳия  ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён карда шуд.

Инчунин изҳори миннатдорӣ ба сарпарасти лоиҳа- Фонди Саудии Рушд барои ҳамкории самарабахши дуҷониба дар бунёд ва ба истифода додани чунин муассисаи замонавӣ бо тамоми шароиту имконияти муосири таълимӣ изҳор гардида, дар оянда идомаи ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар ин ҷода самарабахшу манфиатбор арзёбӣ шуд.

Ҳоло дар муассиса 43 омӯзгори дорои маълумоти олӣ ба 606  хонанда таълиму тарбия медиҳанд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ноҳияи Шаҳринав

Октябрь 7, 2023 15:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд