Дар шаҳри Хуҷанд Лоиҳаи Рушди нақлиёти ҷамъиятӣ татбиқ мегардад
ДУШАНБЕ, 12.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади беҳтар намудани хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятӣ дар шаҳри Хуҷанд тадбирҳои мушаххас андешида шуда, дар ин самт лоиҳаи соҳавӣ татбиқ мешавад. Ҳамарӯза ба бошандагони шаҳри мазкур ва атрофи он то 30 нақлиёт хизмат мерасонанд. Дар оянда шумораи автобус ва хатсайрҳо зиёд шуда, дар назар аст, ки барои беҳтар намудани хизматрасонӣ инчунин 20 электробус ворид гардад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд хабар медиҳад.
Раиси вилояти Суғд бо ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ ва васлу насби дастгоҳу таҷҳизоти муосир дар Корхонаи воҳиди давлатии комуналии «Нақлиёти мусофиркашони шаҳри Хуҷанд» шинос гардид. Зимни шиносоӣ ба роҳбари вилоят иттилоъ дода шуд, ки дар айни замон татбиқи лоиҳаи «Рушди нақлиёти ҷамъиятӣ дар шаҳри Хуҷанд» идома дошта, то ин марҳила беш аз 50 дарсади корҳо ба сомон расонида шудаанд. Лоиҳа бо дастгирии Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд амалӣ гашта, зиёда аз 100 автобуси мусофиркашон ворид гардид ва системаи пардохти корти нақлиётӣ ба кор андохта шудааст.
Дар доираи ин лоиҳа тамоми ҳудуди корхонаи мазкур навсозӣ гашта, дастгоҳу таҷҳизоти ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ ворид мешаванд. Дар айни замон корҳои ободониву бунёдкорӣ дар ин мавзеъ босуръат идома дошта, сохтмони якчанд иншоот ба роҳ монда шудааст.
Мувофиқи нақша, бунёди 13 коргоҳи истеҳсолӣ ва таъмирӣ, нуқтаи таъмини сӯзишворӣ, шустушӯи нақлиёт, назорати даромаду баромади нақлиёти мусофиркашон ва фаъолияти муназзами он дар хатсайрҳо, ошхона, сехи рангуборкунӣ, чоҳи зеризаминӣ, ҳавзи захираи об барои сӯхторнишонӣ бунёд ёфта, ҳудуди муассиса пурра мумфарш ва тамоми бино ба низоми ягонаи гармидиҳӣ пайваст мегардад. Дастгоҳу таҷҳизот аз Чин, Туркия ва Русия ворид гардида, имкон медиҳанд, ки дар самти фаъолияти муассиса дигаргунии ҷиддӣ ва ҷавобгӯ ба талаботи замон ҷорӣ гардад.
Таъкид шуд, ки ин лоиҳа бо дастгирии Ҳукумати мамлакат амалӣ шуда, ҳадафи он хизматрасонии босифат ба аҳолӣ ба ҳисоб меравад.
Ҳамзамон ҷиҳати назорати қатъии корҳои сохтмонӣ, воридоти дастгоҳу таҷҳизоти замонавӣ, сари вақту босифат ба итмом расонидани тамоми корҳо, мақсаднок истифода бурдани маблағҳои грантӣ ва назорати сарфаи он ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
Гуфта шуд, ки бояд ҳамаи нақлиёти мусофиркашон дар ҳолати коршоямӣ қарор дошта, хатсайри автобусҳо дар асоси талабот ва зиёд гаштани аҳолӣ зиёд шавад.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд








ТАЪМИНИ БОЗОРИ ДОХИЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ҶАНГАЛ. Дар Суғд дар 540 метри мураббаъ гармхона бунёд гардид
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд






