Дар Теҳрон маросими рӯнамоии ҷилди дуюми китоби Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон «Забони миллат – ҳастии миллат» баргузор гардид

Октябрь 6, 2023 17:42

ДУШАНБЕ, 06.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар пойтахти Ҷумҳурии Исломии Эрон – шаҳри Теҳрон маросими рӯнамоии ҷилди дуюми китоби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Забони миллат – ҳастии миллат” ( «Забон ва замон»), баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар доданд.

Сафири Тоҷикистон дар Теҳрон Низомиддин Зоҳидӣ дар ибтидои нишаст ёдовар шуд, ки чопи  ҷилди аввали китоби «Забони миллат-ҳастии миллат» дар соли 2019 дар Эрон мавриди истиқболи гарми аҳли илму адаби кишвари дӯст қарор гирифта буд. “Нашри ҷилди дувуми ин китоб низ рӯйдоди муҳим дар ҳамкории фарҳангии Тоҷикистон ва Эрон буда, “Забони миллат – ҳастии миллат” бо ҳадафи таҳқиқу шинохти сайри таърихии забони тоҷикӣ  аз даврони бостон то замони муосир ва эҳёи мақом ва манзалати таърихии забони тоҷикӣ ба унвони муҳимтарин рамзи истиқлоли давлатии Тоҷикистон таълиф шудааст”, иброз намуд сафир.

Дар суханрониҳои худ Раиси Фарҳангистони забон ва адаби форсии Эрон Ғуломалӣ Ҳаддоди Одил, намояндаи Маҷлиси Шурои исломӣ ва Раиси гурӯҳи дӯстии парлумонии Эрон ва Тоҷикистон Ҷалил Раҳимии Ҷаҳонободӣ, Раиси Анҷумани осор ва мафохири фарҳангӣ Маҳмуди Шолуӣ, Раиси Муассисаи «Мероси мактуб» Акбари Эронӣ, шоир ва муҳаққиқи маъруф Алиризо Қазва, сафири собиқи Эрон дар Тоҷикистон, узви Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Алиасғари Шеърдӯст, донишманди маъруфи афғонистонӣ, узви пайвастаи Фарҳангистони забону адаби форсӣ Сарвари Мавлоӣ, устоди Донишгоҳи омӯзгории Теҳрон Иброҳими Худоёр шоистагиҳои илмӣ ва маърифатии китоби «Забони миллат — ҳастии миллат»-ро изҳор намуданд.

Дар ин росто иброз гардид, ки ҷои чунин таҳқиқи ҷомеъ ва фарогир дар забоншиносии Эрону Афғонистон холӣ аст ва иқдоми муаллифи “Забони миллат – ҳастии миллат” дар пажӯҳиши марҳилаҳои пайдоиш ва рушду такомули забони муштараки халқҳои тоҷикзабон шоистаи пайравии донишмандони ин давлатҳо аст.

Фармудаи ҳакимонаи Пешвои миллат — «Танҳо забон аст, ки дар ҳама давру замон таърихи воқеӣ ва ростини миллатро дар ҳофизаи худ нигоҳ медорад», ки зинатбахши оғози ҷилди дуюми китоби «Забони миллат — ҳастии миллат» аст, мавриди ҳамовозии суханронони маросими рӯнамоӣ қарор гирифт ва дар ин замина зарурати талошҳои муассир барои ҳимояти забони муштараки давлатҳои ҳамзабон аз газандҳои замони ҷаҳонишавӣ таъкид гардид.

Суханронони маросими рӯнамоӣ саҳми бузурги Президенти Тоҷикистон, Ҷаноби олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар ҳимоят аз забон, фарҳанг ва маънавияти ниёгон таъкид ва изҳори итминон намуданд, ки нашри форсии китоби “Забони миллат – ҳастии миллат” мояи таҳкими дӯстиву бародарӣ ва тавсеаи ҳамкории илмиву фарҳангӣ байни мардумони Тоҷикистон ва Эрон хоҳад буд.

Дар поёни маросим меҳмонон бо гӯшаи китобҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шинос  шуданд.

Китоб бо ибтикори Сафорати Тоҷикистон дар Эрон ба хатти форсӣ баргардон ва дар интишороти “Орван” ба нашр расидааст.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 6, 2023 17:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Минск ҷаласаи навбатии Шурои намояндагони ваколатдории доимии ИДМ баргузор гардид
Ҳамкории судманди Тоҷикистон ва Миср баррасӣ гардид
Дар Москва ба хотири гиромидошти Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ маҳфили адабӣ доир шуд
Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Алҷазоир ҳамкориро дар самти бозомӯзии дипломатҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалии шаҳрҳои дӯстии Чин – 2026 иштирок намуд
Дар Берлин ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ карда шуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Масъалаи иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронс оид ба тағйирёбии иқлим дар Анталия баррасӣ гардид
Маттео Патроне: «Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаи энергетика ва бахши хусусӣ амалӣ менамояд»
Сафири Тоҷикистон бо роҳбари иҷроияи ширкати олмонии «Knauf» Мурат Акилдиз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири саноати Алҷазоир мулоқот намуд
Фаррух Шарифзода бо Дабири кулли қолаби «Осиёи Марказӣ – Чин» Сун Вэйдун мулоқот намуд