ДАР ТОҶИКИСТОН ИСТЕҲСОЛИ ПОЙАФЗОЛ МЕАФЗОЯД. Ва ё имтиёзу сабукиҳои пешниҳодкардаи Ҳукумати ҷумҳурӣ ба он мусоидат намуд

Октябрь 31, 2023 08:55

ДУШАНБЕ, 31.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади таъмин намудани бозори дохилӣ бо пойафзоли чармӣ ба соҳибкорону сармоягузорон дастуру супориш доданд, ки дар Тоҷикистон барои рушди соҳа шароиту имконияти мусоид мавҷуд буда, онҳо бо истифода аз имтиёзу сабукиҳои пешниҳодкардаи Ҳукумати ҷумҳурӣ коргоҳу корхонаҳои нав таъсис диҳанд. Анҷоми ин тадбир имкон медиҳад, ки воридоти пойафзол аз хориҷи мамлакат коҳиш ёфта, ин маҳсулот бо нархи дастрас ба аҳолӣ пешниҳод гардад. Хабарнигори АМИТ «Ховар» ин мавзуъро шарҳ медиҳад.

Мавриди тазаккур аст, ки бо таъсиси коргоҳу корхонаҳои пойафзолбарорӣ рӯз то рӯз ҳаҷми истеҳсолот зиёд гардида, поёнравии нархи пойафзол дар бозорҳои мамлакат ба мушоҳида мерасад.

Тибқи иттилои масъулин, танҳо давоми моҳҳои январ ва феврали соли 2022 дар 17 корхона наздики 133 ҳазор ҷуфт пойафзол истеҳсол шудааст, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2021 қариб 50 ҳазор ҷуфт зиёд мебошад.

Дар Тоҷикистон дар айни замон 21 коргоҳу корхонаи истеҳсоли пойафзол фаъолият дорад. Дар 9 моҳи соли 2023 дар ин коргоҳу корхонаҳо 1 ҳазору 190 ҷуфт пойафзол истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд мебошад.

Пойафзол барои сарбозону афсарон

Бояд ёдовар шуд, ки соли 2017 дар Ҷамоати шаҳраки «Палос»-и шаҳри Бӯстон бо дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон корхонаи пойафзолбарорӣ бунёд карда шуд.

Ҳадаф аз таъсиси коргоҳи мазкур таъминоти ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат бо пойафзол ва ба шуғли доимӣ фаро гирифтани сокинон, хусусан бонувони маҳаллӣ мебошад. Тибқи нақша, дар коргоҳи мазкур барои аскарону афсарон пойафзол дўхта мешавад.

Дар Корхонаҳои воҳиди давлатии «Пойафзолбарорӣ»-и Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 50 нафар фаъолият намуда, иқтидори истеҳсолии он 15 ҳазор ҷуфт дар як сол мебошад. Дар ин коргоҳ ашёи хом асосан аз Федератсияи Русия дастрас гардида, пойафзоли босифати чармӣ истеҳсол карда мешавад.

Масъулон нақша доранд, ки дар раванди истеҳсолот маҳсулоти хомро аз корхонаҳои ватанӣ дастрас намоянд ва аллакай дар ин самт кор оғоз гардидааст. Дар коргоҳи пойафзолбарорӣ раванди кор аксаран дастӣ сурат мегирад ва мутахассисон бо истифода аз таҷрибаи баланд пойафзоли босифат барои сарбозону афсарон истеҳсол менамоянд.

Соли 2022 дар Суғд 3 коргоҳи истеҳсоли пойафзол таъсис ёфт

Дар моҳҳои январ-сентябри соли 2022 истеҳсоли пойафзол дар вилояти Суғд ба 290,6 ҳазор ҷуфт расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 50,9 ҳазор ҷуфт ё 21,2 фоиз зиёд аст.

Ёдовар мешавем, ки 17 апрели соли 2022 дар шаҳри Исфара бо иштироки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон коргоҳи пойафзолбарории «Базеб» ба истифода дода шуд.


Коргоҳи мазкур аз ҷониби соҳибкор, муассиси Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Базеб» Баҳриддин Сироҷов бо сарфи 1,3 миллион сомонӣ бунёд гардида, дорои хатҳои муосири технологӣ мебошад, ки аз Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Мардумии Чин оварда, васлу насб карда шудааст.

Тариқи хатҳои нави технологӣ имкон аст, ки дар як сол зиёда аз 60 ҳазор ҷуфт пойафзоли чармӣ истеҳсол карда шавад. Дар ин коргоҳ беш аз 20 нафар сокинони маҳаллӣ бо шуғли доимӣ ва маоши хуб таъмин шудаанд.

Бояд гуфт, ки моҳи апрели соли 2022 дар шаҳри Исфара боз як коргоҳи истеҳсоли пойафзол ба фаъолият шуруъ намуд. Ин коргоҳи истеҳсоли пойафзоли ҶДММ «Исфара Саманд» мебошад, ки дар кӯчаи ба номи академик Ҷӯраеви шаҳри Исфара воқеъ гардидааст.

Коргоҳ дар доираи ҳадафи чоруми стратегӣ-саноатикунонии босуръати мамлакат аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Фахриддин Сироҷов дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд бунëд карда шудааст ва аз як хати истеҳсолӣ иборат мебошад. Маблағи сарфгардида барои харидории технологияи муосир 1 миллион сомониро ташкил медиҳад. Дастгоҳу таҷҳизоти коргоҳ истеҳсоли ширкатҳои бонуфӯзи Италия ва Олмон аст.

ҶДММ «Исфара Саманд» дар бинои бекорхобида, ки қаблан мағозаи хӯрокворӣ буд, таъсис ёфтааст. Бино пурра таъмир шуда, ба талабот мутобиқ мебошад. Иқтидори истеҳсолии он дар як сол 50 ҳазор ҷуфт пойафзол мебошад. Дар коргоҳ 50 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷои корӣ доимӣ ва маоши хуб таъмин гардидаанд.

Дар коргоҳ пойафзоли гуногунранг бо андозаи аз 11,5 то 41, асосан барои кӯдакону наврасон ва ҷавонон истеҳсол карда мешавад. Пойафзоли истеҳсолгардида ивазкунандаи воридот буда, ба содирот нигаронида шудааст. 80 фисади пойафзоли дар коргоҳ истеҳсолшаванда ба хориҷи мамлакат содирот шуда, боқимонда дар бозори дохили ҷумҳурӣ ба фурӯш гузошта мешавад.

15 ноябри соли 2022 бо иштироки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон коргоҳи дигари пойафзолбарорӣ — «Маҳина» дар шаҳри Гулистон мавриди истифода қарор дода шуд.

Коргоҳи мазкур аз ҷониби соҳибкорзани ватанӣ Ҷаннатой Абдалиева бунёд гардида, дорои 13 дастгоҳи истеҳсолӣ мебошад, ки аз хориҷи ҷумҳурӣ оварда, васлу насб карда шудаанд.

Тавассути дастгоҳҳо дар як рӯз зиёда аз 300 ҷуфт пойафзоли чармӣ истеҳсол карда шуда, дар ин коргоҳи пойафзолбарорӣ зиёда аз 20 нафар сокини маҳаллӣ бо кор ва маоши хуб таъмин гардиданд.

Ашёи хом дар шакли чарм аз хориҷи мамлакат ворид гардида, бо истифода аз технологияи муосир ва дастӣ 20 намуди пойафзоли кӯдакона, мардонаву занона ва ҳарбӣ дӯхта мешавад.

Корхонаи истеҳсоли пойафзоли «Сандал» дар Бадахшон

17 августи соли 2023 бо иштироки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар шаҳри Хоруғ ба фаъолияти корхонаи истеҳсоли пойафзоли Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сандал» оғоз бахшида шуд.

Корхонаи пойафзолбарорӣ аз тарафи соҳибкори ҷавон Аъзамҷон Аҳруллоев сохта шуда, таҳти унвони «ЯК» маҳсулот истеҳсол менамояд. Корхонаи «Сандал» дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ягона буда, бо истеҳсоли маҳсулоти хушсифат дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат харидорони худро дорад. Ҳоло маҳсулоти тайёри корхона ба бозорҳои шаҳри Душанбе ва вилоятҳои Суғду Хатлон содирот гардида, ивазкунандаи воридот мебошад.


Қобили тазаккур аст, ки тамоми таҷҳизоти коргоҳ аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ворид гардидааст. Технологияи коргоҳ аз нигоҳи хароҷот каммасраф аст ва кори 2-3-соатаи дастиро дар 40 сония анҷом медиҳад. 50 фоизи кор автоматӣ иҷро мегардад. Барои иҷрои корҳои дастӣ дар марҳилаи аввал 20 нафар ба кор ҷалб шудаанд ва дар сурати пурра ба фаъолият пардохтани он то 35 нафар соҳиби ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб мегарданд. Кормандон низ аз ҳисоби сокинони бешуғли шаҳри Хоруғ ҷалб шуда, пеш аз кор аз даврҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ гузаронида мешаванд.

Бо инобати содаю осон будани раванди кор ва мувофиқ будан ба шуғли занон аксари кормандони коргоҳи мазкурро занон ташкил менамоянд, ки ҳар кадом таҷрибаи хуби чеварӣ доранд.

Иқтидори истеҳсолии коргоҳ дар як сол аз 15 то 20 ҳазор ҷуфт пойафзолро ташкил медиҳад ва бо зиёд гардидани талабот имкони афзун намудани иқтидори истеҳсолӣ мавҷуд аст. «Сандал» дар шаҳри Хоруғ ягона корхонаи истеҳсоли пойафзол мебошад, ки бо дизайну махсусияти хосса ба фаъолият пардохтааст.

Барои муътадил нигоҳ доштани ҳарорати ҳаво дар фасли сармо тамоми ҳуҷраҳои корию истеҳсолӣ бо печҳои ангиштӣ таъмин мебошанд.

Коргоҳи истеҳсолии «Пойафзоли Кангурт»

21 октябри соли 2021 бо иштироки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Кангурти ноҳияи Темурмалик коргоҳи истеҳсолии «Пойафзоли Кангурт» мавриди истифода қарор гирифт.

Корхонаи мазкур аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Чарм» бунёд гардида, масоҳати иншоот, ки аз 3 ошёна иборат аст, 786 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Дар корхонаи мазкур асосан пойафзоли чармӣ, ки дар бозорҳои дохилӣ ва хориҷӣ талабот ба он зиёд аст, истеҳсол мегардад. Вобаста ба талабот кормандони коргоҳ пойафзолро барои наврасону калонсолон ва низомиён низ пешниҳод мекунанд.


Иқтидори истеҳсолии коргоҳ дар як рӯз аз 300 то 500 адад пойафзол мебошад. Дар назди коргоҳ мағоза низ сохта шуда, маҳсулоти коргоҳи «Пойафзоли Кангурт» ба фурӯш бароварда мешавад.

Маҳсулоти корхона дорои сифати хуб ва рақобатпазир буда, қисме аз он барои содирот пешбинӣ мешавад.

Дар корхонаи «Сарҷамъ» пойафзоли занона, мардона ва бачагона истеҳсол карда мешавад

26 октябри соли равон дар деҳоти Чоргултеппаи ноҳияи Рӯдакӣ Корхонаи истеҳсоли пойафзоли Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сарҷамъ» мавриди истифода қарор дода шуд. Корхона дар майдони 0,32 гектар аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Маҳмадюсуф Ятимов бунёд шуда, дар он 70 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд.

Коргарони корхона нахуст нозукиҳои кор дар дастгоҳҳои истеҳсолиро омӯхта, дар коргоҳ мустақилона таҷҳизотро идора менамоянд. Айни ҳол 30 нафари дигар аз бахшҳои коромӯзӣ гузашта истодаанд. Оянда бо фаъол намудани истеҳсолот дар ду баст шумораи коргарон афзоиш дода мешавад.

Дар корхона дар як рӯз 500 ҷуфт пойафзол истеҳсол шуда, таҷҳизоти он аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ворид карда шудааст. Пойафзоли занона, мардона ва бачагона номгӯи молҳои дар корхона истеҳсолшавандаро ташкил медиҳад ва маҳсулоти он ивазкунандаи воридот мебошад.

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

Октябрь 31, 2023 08:55

Хабарҳои дигари ин бахш

МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Барои бо ангишт гарм кардани хонаҳо аз бухории махсус бояд истифода намуд
ПАРЧАМЕ, КИ БАЛАНД АСТ ВА САРИ МОРО ҲАМЕША БАЛАНД МЕДОРАД. Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар ин хусус
Дар шаҳри Хоруғ корхонаи коркарди партовҳо аз маводи пластикӣ ва коғазу оҳан бунёд мегардад
Парчами давлатӣ рамзи қудрату тавонмандӣ ва сарҷамъии миллат аст
ЗЕРИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ МУТТАҲИД ГАШТАЕМ. Андешаҳо дар ин мавзуъ
РАМЗИ МУҚАДДАСИ МИЛЛӢ. Ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида мешавад
Дар Сингапур имконияти ҳамкории дуҷониба бо Тоҷикистон баррасӣ шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ТЕЛЕВИЗИОН. Дар Тоҷикистон шабакаи алоҳидаи телевизионӣ барои таълими забонҳои хориҷӣ таъсис меёбад
Дар вилояти Хатлон аз ҷониби Ширкати «Алмос-Неру» корхонаи коркарди мева бунёд мегардад
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корхонаи «Сайри Суғд»-ро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи истеҳсоли пойафзоли ҶДММ «Фароғатбону»-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи парандапарварии ҶДММ «Назар»-ро ифтитоҳ намуданд