Масоили рушди ҳамкорӣ дар соҳаи саноат байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 25.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. 24 ноябр дар ҳошияи иҷлосияи 21-уми Конфронси кулли Созмони рушди саноати Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Риёзи Подшоҳии Арабистони Саудӣ вохӯрии Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир бо вазири сармоягузории Арабистони Саудӣ Халид Ал-Фалия баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати саноат ва тенологияҳои нави мамлакат хабар доданд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба рушди ҳамкориро дар самтҳои авлавиятноки бахши саноат мавриди баррасӣ қарор доданд. Имконоти ҳамкорӣ асосан дар самтҳои зеҳни сунъӣ, саноати хӯрокворӣ, коркард ва истихроҷи маъдану металлҳои қиматбаҳо ва нодирзамин, инчунин саноати нассоҷӣ баррасӣ карда шуданд.
Ҷониби Арабистони Саудӣ барои густариши ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан дар бахшҳои гуфташуда таваҷҷуҳ ва ҳавасмандӣ баён намуд.
АКС: Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон








Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид






