Дар Риёз вохӯрии Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон бо Директори генералии UNIDO баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 27.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, аз 23 то 27 ноябр дар шаҳри Риёзи Подшоҳии Арабистони Саудӣ иҷлосияи 21-уми Конфронси кулли Созмони рушди саноати Созмони Милали Муттаҳид баргузор мегардад, ки дар он ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок дорад.
Тавре аз Вазорати саноат ва техналогияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, 26 ноябр дар доираи конфронс мулоқоти Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Шералӣ Кабир бо директори генералии Созмони рушди саноати Созмони Милати Муттаҳид (UNIDO) Герд Мюллер баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо роҷеъ ба вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва UNIDO дар самтҳои рушди саноати сабук, зеҳни сунъӣ ва коркарди маъданҳои фоиданок мубодилаи афкор ва барои таҳкими алоқаҳои минбаъда изҳори омодагӣ намуданд.
Иброз гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди соҳаи саноат таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, дар ин роҳ таҳкими ҳамкории мутақобили судмандро бо UNIDO муҳим мешуморад.
Дар доираи конфронс вохӯриҳои ҷудогонаи ҳайати расмии Тоҷикистон бо вазирони соҳавии кишварҳои минтақа, намояндагони ширкатҳои бузурги фаромиллӣ ва намояндагони давлатҳои хориҷӣ низ доир шуданд. Дар вохӯриҳо ҷонибҳо самтҳои нави ҳамкории техникӣ ва имконияти татбиқи лоиҳаҳои муштараки саноатиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
АКС: Вазорати саноат ва техналогияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон








Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад






