Масъалаи истифодаи технологияҳои нав дар раванди истеҳсолот баррасӣ карда шуд

Ноябрь 26, 2025 17:20

ДУШАНБЕ, 26.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Риёз дар доираи Конфронси кулли Созмони рушди саноати Созмони Милали Муттаҳид, мулоқоти Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир бо Вазири саноат ва захираҳои минералии Арабистони Саудӣ Бандар Ал-Хурайф баргузор гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати саноат ва технологияҳои нав хабар доданд, зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба муносибатҳои дуҷониба дар соҳаҳои саноати маъдан, иқтисод, сармоягузорӣ, рушди саноат, истифодаи технологияҳои нав дар раванди истеҳсолот ва истихроҷи маъданҳо гуфтугӯи судманд анҷом доданд.

Зимни вохӯрӣ Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир вазири саноат ва захираҳои минералии Арабистони Саудиро даъват кард, ки  дар Форуми дуюми байналмилалии саноати маъданҳои кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон, ки 9 декабри соли 2025 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, иштирок намояд.

АКС: Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Ноябрь 26, 2025 17:20

Хабарҳои дигари ин бахш

КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд