Дар Тсюрих имконияти Тоҷикистон дар соҳаи энергетика, нақлиёт ва логистика муаррифӣ гардид

Октябрь 16, 2023 10:47

ДУШАНБЕ, 16.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Тсюрих Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария, Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилоти байналмилалӣ дар Женева Шараф Шерализода дар Форуми минтақаи васеи Каспий 2023 иштирок ва суханронӣ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария хабар доданд.

Форум таҳти унвони «Каспий ва Осиёи Марказӣ — долонҳо барои энергетика, логистика ва ҷараёни савдо байни Осиё ва Аврупо» баргузор шуда, дар қисмати ифтитоҳии он Шараф Шерализода оид ба имконоти Тоҷикистон дар соҳаи энергетика, долонҳои иқтисодӣ ва транзитӣ, инфрасохтори нақлиётӣ ва логистикии муҳайёгардидаи Ҳукумати мамлакат дар даврони соҳибистиқлолӣ маълумот дод.

Дар форум намояндагиҳои дипломатӣ, ширкатҳои хусусии давлати иқомат ва давлатҳои Иттиҳоди Аврупо низ иштирок намуданд.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария

Октябрь 16, 2023 10:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид