Дар вилояти Хатлон дар муқоиса ба соли гузашта шумораи хоҷагиҳои моҳипарварӣ 39 адад зиёд шуд

Октябрь 14, 2023 11:00

ДУШАНБЕ, 14.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар нуҳ моҳи соли равон дар вилояти Хатлон шумораи хоҷагиҳои моҳипарварӣ ба 315 адад расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 39 адад зиёд мебошад. Ба ин хоҷагиҳо ба масоҳати умумии 2339,5 гектар кӯлу ҳавзҳо вобаста гардида, ба ҳолати 1 октябри соли равон ба миқдори 1835,6 тонна моҳӣ истеҳсол шуд, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 301,4 тонна зиёд мебошад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон.

Тибқи иттилои манбаъ, дар доираи имтиёзҳои пешниҳоднамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят ба соҳаи моҳипарварӣ диққати махсус зоҳир карда шуда, айни замон дар хоҷагиҳои моҳипарварӣ 2 миллиону 724,7 ҳазор дона моҳича парвариш гардида истодааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 561,9 ҳазор донна зиёд буда, ҷиҳати зиёд намудани истеҳсоли моҳӣ мусоидат менамояд.

Ёдовар мешавем, ки дар яке аз ноҳияҳои вилоят — Данғара соли 2022 истеҳсоли гўшти моҳӣ 40 тоннаро ташкил дод. Дар се моҳи аввали соли 2023 бошад дар ин ноҳия 7,5 тонна гўшти моҳӣ истеҳсол карда шудааст. 26 хоҷагии моҳипарвари ноҳия айни замон дар 30 гектар замин дар ин самт фаъолияти босамар доранд. Кооперативи тиҷоратии «Моҳипарварии Каёнуш» аз ҷумлаи ин хоҷагиҳои моҳипарварист, ки дар он бори аввал дар Тоҷикистон парвариши моҳии навъи «бестер» ба роҳ монда шудааст.

Тибқи маълумоти оморӣ, дар ҳашт моҳи соли равон дар хоҷагиҳои моҳипарварии ҷумҳурӣ сайди моҳӣ 2026,1 тоннаро ташкил дод.Хоҷагиҳои моҳипарварӣ дар моҳҳои январ-август ба маблағи 53 миллиону 400 ҳазор сомонӣ моҳӣ истеҳсол намудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 41,8 фоиз зиёд мебошад.

Аз ҳаҷми умумии сайди моҳӣ 866 тонна намуди пешониғафси сафед, 165,9 тонна — зағорамоҳӣ, 344,9 тонна — гулмоҳӣ, 231,3 тонна — амури сафед, 6,1 тонна — суфмоҳӣ ва 411,9 тоннаро дигар намуди моҳиҳо ташкил мекунанд.

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Октябрь 14, 2023 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд