Дар вилояти Суғд бо мақсади таъмини сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот ҳамоиш доир шуд

Октябрь 12, 2023 09:30

ДУШАНБЕ, 12.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо ташаббуси Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Таъмини ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: мушкилот ва роҳҳои ҳалли он» конференсияи минтақавӣ доир шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд хабар доданд.

Мақсад аз он баррасӣ ва ҳалли масъалаҳои марбут ба фаъолияти соҳаи ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот, дарки муҳиммият ва нозукиҳои ин самти фаъолият, баланд бардоштани савияи касбии масъулони мақомоти давлатӣ ва ташкилоти вилоят, пайдо намудани роҳҳои бартарафсозии камбудиву мушкилиҳои ҷойдошта дар фаъолияти онҳо ва таъмини амнияти иттилоотӣ дар мамлакат дар доираи Барномаи давлатии таҳкими ҳифзи сирри давлат ва ҳифзи техникии иттилоот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026 мебошад.

Пеш аз оғози конфронс бо мақсади пайдо намудани маълумоти бештар барои иштирокчиён воситаҳои техникии самти корҳои аттестатсионӣ ва сертификатсионии Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ ба намоиш гузошта шуданд.


Дар ҳамоиш вобаста ба иқдоми андешида ва натиҷаҳои он дар самти масъалаҳои ҳифзи сирри давлатӣ, ҳифзи техникии иттилоот ва ҳифзи иттилооти дастрасиаш маҳдуд маълумот дода шуд.

Аз ҷониби иштирокчиён бо назардошти рушди техника ва технологияи муосир амалӣ гардидани талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар самти ҳукумати электронӣ ва рақамикунонии иқтисоди миллӣ, инчунин амалинамоии пардохтҳои ғайринақдӣ ва баррасии масъалаҳои ҳифзи иттилоот мавриди таҳлил ва корбарии ҳамаҷониба қарор гирифт.

Ҳамзамон бо ин масъалаҳои ҳифзи боэътимоди иттилооти дастрасиаш маҳдуд баррасӣ шуда, доир ба роҳҳои ҳалли мушкилоти техникию инфрасохторӣ ва таъминоти кадрӣ пешниҳодҳои мушаххас манзур гардиданд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд

Октябрь 12, 2023 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд