Дастаи мунтахаби Тоҷикистон чемпиони «Ҷоми Мердека-2023» гардид
ДУШАНБЕ, 18.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Шоми дирӯз бозии ниҳоии мусобиқаи 42-юми байналмилалии «Ҷоми Мердека-2023» оид ба футбол байни дастаҳои мунтахаби Малайзия ва Тоҷикистон дар сатҳи баланд баргузор гардид. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Вохӯрии дастаҳои мунтахаби Малайзия ва Тоҷикистон дар Варзишгоҳи миллии Букит Ҷалил дар Куала-Лумпур доир шуда, бо ҳисоби 2 бар 0 ба суди дастаи мунтахаби Тоҷикистон анҷом ёфт. Голҳои Рустам Соиров ва Шаҳром Самиев ба дастаи мунтахаби Тоҷикистон пирӯзӣ оварданд.
Қаблан дастаҳои мунтахаби Малайзия ва Тоҷикистон се бор бо ҳам вохӯрдаанд. Дастаи мо дар ду бозӣ пирӯз шуда, дар як рақобати дигар дастаи мунтахаби Малайзия ғалаба намуда буд.
Ёдовар мешавем, ки соли гузашта дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар аввалин иштирокаш дар мусобиқаи байналмилалии «King’s Cup 2022» бар дастаи мунтахаби Малайзия дар Тайиланд ғолиб омада, чемпион гардид.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Маросими гусели ҳайати дастаи мунтахаби паралимпии мамлакат ба Бозиҳои V Параосиёӣ баргузор гардид
Иштирокдорони Бозиҳои 20-уми Осиёӣ—2026-ро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии дӯстона бар тими миллии Чин пирӯз шуд
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Чин бозии дӯстона анҷом медиҳад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон (U-17) бо тими Урдун мусовӣ бозӣ кард
Дар Сафорати Тоҷикистон дар Салтанати Умон бо дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд
Дар Ҷамоати деҳоти Роҳатии ноҳияи Рӯдакӣ иншооти нави таълимию варзишӣ ба истифода дода шуданд
Дар вилояти Хатлон беш аз 40 мактаби варзишӣ фаъолият дорад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Русия бозии дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ бо мунтахаби Чин оғоз намуд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо ҳамсолони худ аз Умон ду бозии дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Мурғоб майдончаҳои нави варзишӣ ба истифода дода шуданд






