ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Сарбозони навдаъват Савганди садоқат ба Ватан ёд намуданд

Октябрь 12, 2023 16:00

ДУШАНБЕ, 12.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар қисми ҳарбии Раёсати қӯшунҳои дохилӣ бо иштироки роҳбарияти Раёсати қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, афсарону сарбозон, падарону модарон ва наздикони аскарон маросими савгандёдкунии сарбозони нав ба хизмати ҳарбӣ даъватшуда баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ иттилоъ доданд.

Пас аз садо додани Суруди миллӣ наваскарон дар саҳни ороста, дар сафи ҳамхизматон қомат рост намуда, дар вазъияти тантанавӣ бо оҳанги мутантан савганди садоқат ба Ватан ёд намуданд.

Дар ҳамоиш таъкид гардид, ки ҳайати шахсии Қӯшунҳои дохилӣ дар тамоми амалиёти муштараки сохторҳои қудратии мамлакат оид ба безараргардонии гурӯҳҳои ҷиноятпеша дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ фаъолона иштирок намуда, аз худ намунаи баланди мардонагӣ, матонат ва чолокии касбӣ нишон дод.

Маҳз бо дастгирӣ ва ғамхории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ниҳоди мазкур имрӯз ба сохтори тавоно ва замонавӣ мубаддал гашта, соҳиби техникаи ҳарбии пурқувват, биноҳои маъмурии замонавӣ, таълимгоҳҳо, таҷҳизоти муосир, машқгоҳҳо ва мутахассисони баландпояи ҳарбӣ мебошад. Афсарон, сержантон ва сарбозон бояд доимо дар ёд дошта бошанд, ки оромию осоиштагии диёри азизамон бар ивази ҷони садҳо нафар сарсупурдагони роҳи озодию истиқлолият ба даст омада, таъмини амнияти мамлакат ва ҳаёти осудаи сокинони он маҳз аз ҳисси баланди масъулияти шахсӣ ва қобилияту маҳорати касбии ҳар аскар ва афсари Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон вобастагӣ дорад.

Зимни суханронии табрикӣ иброз гардид, ки ба замми омӯзиши маҳорати ҷангӣ ба сарбозоне, ки хоҳиши дар оянда ҳамчун афсар хизмат намудан доранд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳсил дар донишкадаҳои ҳарбӣ имтиёз муқаррар намудааст.

Бояд гуфт, ки шуруъ аз соли 2020 дар ҳамаи қисмҳои ҳарбии Қӯшунҳои дохилӣ илова ба омӯзиши илми ҳарбӣ, сарбозон ба омӯзиши касбу ҳунарҳои гуногун фаро гирифта мешаванд ва баъд аз хатми даврҳои кӯтоҳмуддат ба онҳо сертификати тахассусӣ дода мешавад.

АКС: сомонаи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон

Октябрь 12, 2023 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд