Донишҷӯёни Академияи идоракунии давлатӣ дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ сазовори ҷойҳои дуюм ва сеюм гардиданд
ДУШАНБЕ, 17.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар даври шаҳрии озмунҳои ҷумҳуриявии ««Тоҷикон»-оинаи таърихи миллат» ва «Илм-фурӯғи маърифат» як гурӯҳ донишҷӯёну устодон ва кормандони Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона иштирок намуда, сазовори ҷойҳои намунавӣ гардиданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Донишҷӯи курси 3-юми факултети дипломатия ва сиёсати Академияи идоракунии давлатӣ Тоиршои Қадамшо дар даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон»- оинаи таърихи миллат» сазовори ҷои сеюм, докторанти Академия Манзура Шарифова сазовори ҷойи дуюм ва дар даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» донишҷӯйи курси 3-юми факултети идоракунии давлатӣ Кайҳона Лутфуллозода аз номинатсияи «География» сазовори ҷойи дуюм гардиданд.
Ғолибон 14 октябр дар маросими ҷоизасупории даври шаҳрии озмунҳои ҷумҳуриявии ««Тоҷикон»-оинаи таърихи миллат» ва «Илм-фурӯғи маърифат», ки дар Кохи Суруши шаҳри Душанбе баргузор гардид, бо диплом ва мукофотпулӣ қадрдонӣ шуданд.
Бояд гуфт, ки даври шаҳрии озмунҳои ҷумҳуриявии ««Тоҷикон»-оинаи таърихи миллат» ва «Илм-фурӯғи маърифат» байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ибтидоии касбӣ, донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ходимони илмию адабии муассисаҳои илмиву эҷодӣ, фарҳангу санъат, аспирантон, унвонҷӯён, номзадони илм ва докторантҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва муассисаҳои илмӣ, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун дар алоҳидагӣ аз рӯи номинатсияҳо баргузор гардид.
Озмунҳои мазкур бо ташаббус ва роҳнамоиҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саросари мамлакат гузаронида мешаванд. Ин тадбири саривақтии Сарвари давлат на танҳо ба баланд бардоштани сатҳи маърифат, малакаю ҷаҳонбинии сокинони ҷумҳурӣ, алалхусус насли наврасу ҷавон муосидат намуд, балки ба эҳёи анъанаҳои хуби ниёгон низ заминаи боэътимод гузошт.
АКС: Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 баргузор мегардад
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон соҳиби аккредитатсияи байналмилалии институтсионалӣ гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Бадахшон 300 муассисаи таҳсилоти умумӣ ба истифода дода шуд
Дар даври сеюми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ беш аз 16 ҳазор нафар донишҷӯ шуданд
Дар шаҳри Кӯлоб муассисаи таълимӣ баъди таъмиру навсозӣ ба истифода дода шуд
Донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар Олимпиадаи байналмилалӣ оид ба бехатарии молиявӣ иштирок намуданд
Ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон зиёда аз 842 ҳазор китоби дарсии «Забони русӣ» ворид гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ ду маркази муосири таълимӣ ба истифода дода шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бахшида ба Рӯзи омӯзгорон ва Рӯзи забони давлатӣ ҳамоиши илмӣ–маърифатӣ доир шуд
Пешвои миллат: «Бе донистани забони адабии тоҷикӣ омӯхтани забонҳои хориҷӣ номумкин аст»
Дар Душанбе доир ба саҳми Пешвои миллат дар рушди забони тоҷикӣ ҳамоиш баргузор шуд
«ЗЕҲНИ СУНЪӢ–ЭЪТИМОД, АМНИЯТ ВА РУШД». Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон конфронси байналмилалӣ доир шуд






