Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо донишгоҳҳои бонуфузи Покистон барои табодули таҷриба ҳамкориро густариш медиҳад

Октябрь 11, 2023 10:25

ДУШАНБЕ, 11.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. Роҳбарияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон  тасмим гирифтаанд, ки олимони варзидаи донишгоҳҳои бонуфузи Покистонро барои  машғулияти таълимии донишҷӯён ва мубодилаи таҷриба бо устодон ҳавасманд намоянд. Ин нукта зимни мулоқоти Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Қобилҷон Хушвахтзода бо доктор, раиси Донишкадаи исломии Ҷумҳурии Исломии Покистон Соҳибзода Султон Аҳмад Алӣ баррасӣ гардид, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар донишгоҳи мазкур.

Зимни мулоқот ҷонибҳо дар самти ҳамкории илмию таълимӣ табодули афкор намуда, таъкид доштанд, ки ин вохӯрӣ ба ҳамкории минбаъда мусоидат менамояд.

Ҳамзамон доктор Соҳибзода Султон Аҳмад Алӣ бо устодону донишҷӯёни факултети забонҳои Осиё ва Аврупо мулоқот намуд. Гуфта шуд, ки маҳз баҳри тақвияти муносиботи давлатҳо дар асоси баробар ва эътирофи мунфиатҳои мутақобила Ҷумҳурии Исломии Покистон Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба расмият шинохта, 6 июни соли 1992 бо он муносибатҳои дипломатӣ барқарор намуд.

АКС: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Октябрь 11, 2023 10:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ғолибони Олимпиадаи байналмилалии химияро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст