ФАЛАК-САНЪАТИ МОНДАГОРИ МУСИҚӢ. Андешаҳои пажуҳишгарон дар мавриди ин жанр

Октябрь 9, 2023 15:14

ДУШАНБЕ, 09.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 16 ноябри соли 2001 ба ансамбли «Фалак» мақоми давлатӣ дода шуд ва бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 августи соли 2007 ҳар сол 10 октябр Рӯзи Фалак ҷашн гирифта мешавад. Дар Тоҷикистон  ба рушду нумуи жанри мусиқии фалак пайваста ғамхориҳои зиёд зоҳир мегардад. Маҳз чунин ташаббусҳои созанда сабаб гаштанд, ки минбаъд фалак аз ҷониби ЮНЕСКО ҳамчун мероси фарҳанги умумибашарӣ эътироф гардид.

Бояд гуфт, ки фалак мусиқии суннатии шифоҳӣ ва мондагори  мардуми тоҷик буда, бештар дар навоҳии кӯҳистон маъмул аст. Чуноне ки Пешвои миллат дар яке аз суханрониҳои худ иброз намуданд, «санъати мусиқии халқи тоҷик таърихи бостонӣ ва рангину пурғановат дорад. Дар ин радиф шашмақом ва фалак аз зумраи ганҷинаҳои бебаҳое мебошанд, ки аз қаъри асрҳо то замони мо ҳамчун мусиқии классикии халқи фарҳангпарвару санъатдӯсти тоҷик ба ёдгор мондаанд. Фалак ҳам аз нигоҳи ҳаҷм ва ҳам аз нигоҳи арзишу қимати бадеӣ аз ҷумлаи беҳтарин мероси мусиқӣ аст, ки мо онро барҳақ мусиқии шаклан озод ва орзуву омоли халқи тоҷик меномем».

Мудири Маркази мероси фарҳангии тоҷикони Пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот Дилшод Раҳимӣ дар робита ба ин жанри мусиқӣ иброз дошт, ки “дар тамоми ҷаҳон таваҷҷуҳ ба фарҳангҳои суннатӣ мавҷуд аст, зеро агар мо фарҳанги суннатиро тақвият надиҳему ҳифз насозем, ҷомеаи ҷаҳон  бо техникаву технологияи нав ворид шуда, фарҳангҳо аз байн мераванд, яъне ҷомеаҳои сунъиву сохта ба вуҷуд меоянд. Фарҳанг барои рангорангии зиндагӣ зарур аст. Созмонҳои байналмилалӣ ҳаминро ба инобат гирифта, ба фарҳанг таваҷҷуҳи зиёд доранд, зеро  дар тамоми ҷаҳон дар байни аҳли башар бояд фарҳангҳо ҳифз шаванд”.

Ҳамзамон президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, раиси кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарлумонӣ Фарҳод Раҳимӣ дар робита ба ин жанр андешаҳояшро чунин баён дошт:

“Дар солҳои 50-60-уми асри гузашта олимони тоҷик зиёда аз 50 ҳазор намунаи эҷодиёти шифоҳии тоҷиконро ҷамъоварӣ намуданд, ки дар байни онҳо рубоиёти фалаксароӣ низ ҷойи махсусро ишғол намудааст. Дар мазмуни ин рубоиҳо-лирикаи мардумӣ, эҳсосоти муҳаббат ба халқу диёр, шикоят аз рӯзгор, хурсандиҳои наврӯзӣ, ишқи поку ноолуда ва дигар оҳангҳо дучор мегарданд. Ҳамин тавр, метавон гуфт, ки фалаксароӣ – маҳсули эҷодиёти мардум ба шумор меравад ва дар намунаҳои зиёд кулли воқеияти зиндагии халқро ифода намудааст. Дар олами мусиқии суннатӣ, яъне анъанавӣ, ки аз қадим дар байни мардум маъмул гардида буд, фалаксароӣ ҳамчун намуди волои ҳунари ҳирфаӣ тарғиб мешуд. Беҳтарин матнҳои рубоиёти халқиро устодони мусиқӣ ба оҳанг дароварда, пешкаши мардум менамуданд. Аз асрҳои 10-11 сар карда, фалаксароӣ дар баробари дигар анвои мусиқии классикӣ – мақомсароӣ ва ғайра рушду нумуъ кардааст. Аз намунаҳои имрӯзаи фалакхониҳои устодона (дар эҷодиёти Гулчеҳра Содиқ, Давлатманди Хол, Одина Ҳошим ва дигарон) бармеояд, ки жанри фалакхонӣ дорои сохтор, услуб ва оҳангҳои хос буда, асари мураккаби бадеиро ташкил намудааст. Аз ҳамин лиҳоз мо фалакхониро мусиқии устодона меномем. Дар рисолаҳои қадимии бахшида ба мусиқӣ (масалан дар «Мақосид-ул-алҳон»-и Абдулқодир Мароғӣ, ки дар Самарқанд зиста буд), маълумоти аҷоиберо доир ба фалакхонӣ дучор омадан мумкин аст. Ӯ менависад, ки асарҳои чаҳорқисма – қавл, ғазал, рубоӣ, фурудошт машҳуртарин намунаҳои мусиқии тоҷикон ба шумор мераванд”.

Дар робита ба ин мавзуъ фарҳангшиноси маъруф, муаллифи китоби «Фалак» (сайри таърихӣ ва тафсири фарҳангшиносӣ) Ҷонибек Асрориён иброз намуд, ки таърихи пайдоиши жанри фалак асосан пеш аз асри X маҳсуб мешавад. «Бархе олимон нақшҳоеро, ки аз деворҳои шаҳраки қадимии Ҳулбук ёфт шудаанд ва дар онҳо занҳо дар даст думбраву камонча ва ғиҷҷак доранд, далели ин гуфтаҳо меҳисобанд», -мегӯяд фарҳангшинос.

Ба андешаи мавсуф, «ҳеҷ як жанри мусиқӣ бе хусусияти хос буда наметавонад. Иҷрои фалак бо шеваҳои гуногун маълум буда, хусусияти шеваи иҷрои маҳалҳои гуногун дар матни сурудҳои фалак зиёд ба назар мерасад ва матни сурудҳо вобаста ба хусусияти фонетикии тарзи гӯиши гуногун таркиб меёбад. Фалак яке аз жанрҳои мушкилтарини соҳаи мусиқӣ мебошад. Ҳар ҳунарманд аз уҳдаи фалакхонӣ баромада наметавонад. Фалак бо асбоби бепарда хонда мешавад, ки аз нозуктарин ва душвортарин намуди асбоб дониста мешавад».

Доктори илмҳои санъатшиносӣ Аслиддин Низомӣ иброз дошт, ки  мусиқии фалак, нолаҳои нозуку пурадои он ба самъи мо нидоеро аз дили пурҳарорати аҷдодонамон мерасонанд ва бори дигар пайванди маънавии аҷдоду авлоди тоҷиконро устувор месозанд. Охир, ба ёд оред васияти Мавлонои бузургро, ки гуфта буд: «Мо зи фалак будаем, ёри малак будаем…». Мутахассисони ҷаҳонӣ кайҳо ба таҳқиқи фалакхонӣ шуғл пайдо намудаанд ва дар байни онҳо махсусан номи олими франсуз Ҷон Дюрингро бояд ба хотир овард. Ӯ солҳои 90 — уми  қарни гузашта борҳо ба Тоҷикистон омада, барои кашфи ҳунари волои Гулчеҳра Содиқова саҳм гузошта буд.  Воқеан, бояд иқрор шуд, ки дар мамлакати мо ин олиҳаи хоксори саҳнаи мусиқӣ яке аз бузургтарин сарояндагони фалаки асил ба шумор меравад. Одина Ҳошим, Давлатманд Хол, Файзалӣ Ҳасанов, Маҳмадсафар Муродов ва дигарон дар байни мардон аз моҳиртарин иҷрокунандагони муосири жанри фалак ҳастанд, ки шуҳрати ин навоҳои қадимии тоҷикиро ба оламиён маълум намудаанд».

Бояд ёдовар шавем, ки ин жанр ҳамчун падидаи марказии мусиқии тоҷикони кӯҳистон дорои беш аз 12 сабк, аз ҷумла фалаки даштӣ, фалаки равона, фалаки роғӣ, фалаки паррон, фалаки қаландарӣ, фалаки сафарӣ, фалаки ғарибӣ, бепарвофалак, фалаки мотамӣ, фалак-муноҷот, фалак- оҳ ва фалак-мадҳия мебошад.

АКС аз манбаъҳои боз

Октябрь 9, 2023 15:14

Хабарҳои дигари ин бахш

МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Гиёҳҳои хушккардашуда сарчашмаи маводи ғизоию шифоӣ мебошанд
ХОВАЛИНГ ТАЪРИХИ ЯКМИЛЛИОНСОЛА ДОРАД. Он барои илми ҷаҳонӣ чун маъхази бостоншиносӣ хизмат менамояд
ҒИЗОИ СОЛИМ. Истеъмоли сабзӣ ба инсон қуввату дармон мебахшад
Саридораи бойгонӣ ҳамчун ниҳоди муҳими давлатӣ дар Тоҷикистон мавқеи назаррас дорад
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Вазорати тандурустии Федератсияи Русия ҳамкориро тақвият медиҳанд
Сокинони ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт соҳиби туҳфаи Президенти Тоҷикистон — «Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсӣ шуданд
Олимони ҷавони тоҷик дар машғулияти Мактаби байналмилалии тобистонаи Узбекистон иштирок доранд
Намоиши «Олами гулдӯзии тоҷикон» дар Осорхонаи миллии қолинҳои Озарбойҷон доир мегардад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Аз 25 то 30 сентябр даври сеюми озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор мешавад
Истиқлолият имкон дод, ки дар Тоҷикистон ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб карда шавад
Дар нашриёти «Эр Граф» «Фарҳанги тафсирии истилоҳоти осорхонашиносӣ» аз чоп баромад
Оид ба омӯзиши таърих ва тамаддуни халқи тоҷик дар замони соҳибистиқлолӣ конфронси илмӣ баргузор гардид