Хобгоҳи мактаб-интернати шаҳри Роғун ба номи Саида Давлатзода ба истифода дода шуд

Октябрь 18, 2023 18:00

ДУШАНБЕ, 18.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. 17 октябр хобгоҳи мактаб -интернати  шаҳри Роғун ба номи Саида Давлатзода ба истифода дода шуд. Хобгоҳи мазкур ба маблағи зиёда аз 15 миллион сомонӣ аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Шерзод Давлатзода барои 112 нафар тарбиятгиранда сохта шудааст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар»  дар  маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон   хабар доданд.

Хобгоҳ аз 2 ошёна иборат буда, дорои 14 ҳуҷраи хоб, 2 синфхонаи дарстайёркунӣ, 1 китобхона бо толори китобхонӣ, 1 ошхона барои 60 нафар, толори варзишӣ, 4 анбор, маҷлисгоҳ бо 140 ҷои нишаст, майдончаи варзишӣ бо тамоми таҷҳизотҳояш ва дегхонаи буғӣ мебошад.

Дар маросими баистифодадиҳии хобгоҳи мазкур гуфта шуд, ки  имрӯзҳо бо шарофати Истиқлоли давлатӣ  ва дастгириҳои ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат сохтмону навсозии муассисаҳои таълимӣ бомаром идома дорад, ки далели рушди соҳаи маориф ва илми ҷумҳурӣ  аст. Муҳассилинро мебояд, ки дар ҷавоб ба ин ғамхориҳо бо баҳои хубу аъло таҳсил намуда, дар оянда мутахассиони варзида шаванд, то тавонанд дар рушди Тоҷикистон  саҳми арзанда гузоранд.

Вазири маориф ва илм бо шарту шароити зисти таълимгирандагон дар хобгоҳ шинос гардида, ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дод ва ба тарбиятгирандагон дар таълиму тарбия муваффақият орзу намуд.

АКС: Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 18, 2023 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд