Ходими калони илмии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқ дар Озмуни ««Тоҷикон» — оинаи таърихи миллат» сазовори ҷойи аввал гардид
ДУШАНБЕ, 17.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ходими калони илмии шуъбаи масоили сиёсии муносибатҳои байналмилалӣ, раиси Шурои олимони ҷавони Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, номзади илмҳои сиёсӣ Фазилатмо Саидова дар даври шаҳрии Озмуни ««Тоҷикон»-оинаи таърихи миллат» сазовори ҷойи аввал гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Ӯ дар гурӯҳи «Омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ходимони илмию адабии муассисаҳои илмиву эҷодӣ, фарҳангу санъат, аспирантон, унвонҷӯён, номзадони илм ва докторантҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва муассисаҳои илмӣ» иштироки фаъолона намуда, ҷойи якумро ишғол намуд.
Фазилатмо Саидова соли 2018 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро аз рӯи ихтисоси сиёсатшиносӣ бо дипломи аъло хатм намудааст. Ҳамзамон ғолиби Озмуни XVI байналмилалии корҳои илмӣ – таҳқиқотии «Наука и талант – 2022», Озмуни байналмилалии «Успех в науке 2022», ғолиби ҷойи аввал дар олимпиадаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз фанни сиёсатшиносӣ дар солҳои хониши 2017 – 2018, ғолиби ҷойи якум ва барандаи Ҷоми Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар олимпиадаи ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ дар соҳаи сиёсатшиносӣ дар соли 2018, ғолиби ҷойи якум ва барандаи Ҷоми Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар соҳаи сиёсатшиносӣ дар соли 2017, барандаи медали тилло ва ғолиби ҷойи аввал дар олимпиадаи ҷумҳуриявии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ аз фанни таърих дар соли 2013 мебошад.
АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон








Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд






