ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ БАБРИ БАРФӢ. Саршумори он дар Тоҷикистон аз 280 то 300 сарро ташкил медиҳад

Октябрь 23, 2023 16:10

ДУШАНБЕ, 23.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар 20 қаторкӯҳи Тоҷикистон дар баландиҳои аз 1800 то 3500 метр бабри барфӣ вомехӯрад, ки тибқи ҳисоби олимону мутахассисони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати мамлакат ва Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон саршумори он аз 280 то 300 сарро ташкил медиҳад. Ин иттилоъро АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти мамлакат бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ, ки ҳамасола дар ҷаҳон 23 октябр эълон шудааст, меорад.

Ин сана дар Форуми байналмилалии ҳифзи бабри барфӣ, ки моҳи октябри соли 2013 дар Бишкек баргузор гардид, таъсис ёфтааст. Дар форум намояндагони Тоҷикистон иштирок намуда, доир ба ҳифзи бабри барфӣ сухан намуданд.

Озодапаланг- ҷонвари нодири кӯҳӣ

Бабри барфӣ, ки онро озодапаланг ҳам меноманд, яке аз зеботарин ҷонвари кӯҳӣ буда, сукунати он дар кӯҳҳои баланду барфпӯши Тоҷикистон бозгӯи поктарин экосистема дар ин сарзамин аст. Бабри барфӣ ҳайвони ваҳшии нодир аст, ки соли 1963 дар «Китоби сурх»-и байналмилалӣ ва соли 1988 дар «Китоби сурх»-и Тоҷикистон сабт гардидааст. Ҳамчунин ба рӯйхати сурхи байналмилалии Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи табиат ҳамчун намуди зери хатари нобудшавӣ қарордоштаи дараҷаи (VU) ворид шуд.

Баландиҳои 2000 то 5200 метр- макони зисти бабри барфӣ

Бабри барфӣ дар қисмати ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшавандаи Тоҷикистон, дар экосистемаи табиии резервати биосферии «Ромит» ва экосистемаи табиии мамнуъгоҳи «Даштиҷум», «Зоркӯл», қисмати паркҳои табиии миллии Тоҷикистон дар Бадахшон, ноҳияи Лахш ва Сангвор сукунат дорад. Тибқи омори Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди ҳукумати мамлакат, 70 фоизи масоҳати паҳншавии бабри барфӣ дар ҳудуди Бадахшон ҷойгир аст. Мавзеъҳои хоси зисти бабри барфӣ дар баландиҳои аз 2000 то 5200 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир шудаанд. Дар Тоҷикистон 50 соли охир шикори ин ҳайвони ваҳшӣ манъ ва ҳифзу нигоҳдории он яке аз самтҳои асосии фаъолияти мақомоти ҳифзи муҳити зист аст.


Тоҷикистон Эъломияи Бишкекро ба имзо расонидааст

Барои ҳифзи бабри барфӣ дар сатҳи байналмилалӣ Барномаи глобалии ҳифзи экосистемаҳои бабри барфӣ (GSLEP), Эъломияи Бишкек соли 2017 қабул гардид ва Тоҷикистон онро имзо намуд. Дар он чорабиниҳо доир ба ҳифзи экосистемаҳо ва ландшафтҳои ин намуд то соли 2023 муайян шудаанд. Барномаи миллии ҳифзи экосистемаҳои бабри барфӣ дар шароити тағйирёбии иқлим то соли 2030 таҳия ва ба Ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод гардид.

Барои ҳифзи озодапаланг тадбирҳои муассир андешида шудаанд

Ҳимояи озодапаланг дар Тоҷикистон таҳти таваҷҷуҳи Ҳукумат ва мардуме, ки наздик ба ҳудуди зисти ин ҷонвари нодир сукунат доранд, қарор гирифтааст. Дар сатҳи миллӣ доир ба ҳифзи бабри барфӣ тадбирҳои муассир андшида шудаанд. Дар самти корҳои тарғиботӣ доир ба ҳифзи бабри барфӣ ва экосистемаҳои он аз тарафи Кумита пайваста ҳамоишҳо гузаронида мешаванд. Инчунин тибқи қонун дар мамлакат шикори бабри барфӣ қатъиян манъ шудааст.

Дар Тоҷикистон саршумори бабри барфӣ зиёд мегардад

Барои беҳтар намудани назорат ва мониторинги экосистемаҳои бабри барфӣ ба мутахассисони соҳаи муҳити зист ва ҳудудҳои махсус муҳофизатшавандаи табиӣ техникаву таҷҳизоти замонавӣ дастрас шудаанд, ки ба беҳтар гардидани назорат, пешгирии қонуншиканиҳо ва манъи шикори ғайриқонунӣ мусоидат менамоянд. Таҳлилҳои солҳои охир бо истифода аз таҷҳизоти муосир, аз қабили домҳои банаворгирӣ, ҳавопаймоҳои бесарнишин ва сабти экосистемаҳои бабри барфӣ бозгӯи он мебошанд, ки дар Тоҷикистон саршумори бабри барфӣ сол аз сол зиёд мегардад. Ин далели баланд рафтани сатҳи огоҳии аҳолӣ доир ба ҳифзу нигоҳдории ин ҳайвони нодир аст.


Дар даромадгоҳи «Даштиҷум» муҷассамаи озодапаланг гузошта шудааст

Дар даромадгоҳи Мамнуъгоҳи давлатии табиии «Даштиҷум» бо ибтикори Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ муҷассамаи бабри барфӣ гузошта шудааст, ки бозгӯи муаррифии бештари ин ҷонвари нодири табиати нотакрори Тоҷикистон ба дӯстдорони табиат, хусусан сайёҳони хориҷӣ мебошад.

Таъсиси Маркази офиятбахшӣ ва парвариши бабри барфӣ дар Мурғоб

Моҳи августи соли равон дар Мурғоб Маркази офиятбахшӣ ва парвариши бабри барфӣ аз ҷониби Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ бо мақсади табобату офиятбахшии ҳайвонҳои нодир, аз ҷумла бабри барфӣ дар масоҳати 10 гектар ифтитоҳ гардид. Дар Марказ ҳайвоноти нодир, ки дар ҳолатҳои гуногун захм бардошта ё ба дигар бемориҳо дучор шудаанд, табобат гардида, сипас ба табиат сар дода мешаванд.

Иқлими хоси Мурғоб- макони сукунати бабри барфӣ

Яке аз ҳадафҳои асосии бунёди ин Марказ- наслгирӣ ва зиёд намудани шумораи бабри барфӣ дар табиати кӯҳии Тоҷикистон, бурдани корҳои омӯзишӣ ва илмӣ бо ҷалби олимони дохилӣ ва хориҷӣ мебошад. Ноҳияи Мурғоб дорои табиату иқлими барои сукунати бабри барфӣ хос мебошад.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Октябрь 23, 2023 16:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Барно Саидвализода: «Ваҳдати миллӣ – ин неъмати бузургу кафолати зиндагии шоистаро пойдор нигоҳ бидорем»
«ДАР МЕҲМОНИИ ДУШАНБЕ». Фестивали байналмилалии эҷодиёти бадеии кӯдакон ва наврасони ИДМ оғоз гардид
Дар Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ таҳти унвони «Ваҳдати миллат — бақои миллат!» ҳамоиш баргузор шуд
Дар ёдгории Ҳалқаҷари ноҳияи Хуросон бозёфти нодири таърихӣ — «обкӯзаи хонуми Сагкин» кашф гардид
Дилбар Одилзода: «Ваҳдати миллӣ ва рушди зан дар Тоҷикистон ду раванди бо ҳам пайвастанд»
Муовини якуми Раиси ҲХДТ: «Аз ваҳдати миллӣ садҳо ғояҳои бунёдкорӣ ба вуҷуд омада, Тоҷикистон ба гулистон табдил ёфт»
Дарк кардани қадру қимати сулҳу ваҳдат ва ҳифзу таҳкими он вазифаи муҳимтарини ҷомеа мебошад
Ваҳдати миллӣ ва рушди парламентаризм дар Тоҷикистон яке аз дастовардҳои муҳими даврони соҳибистиқлолӣ ба шумор меравад
Абдулло Раҳмонзода: «Ваҳдати миллӣ дар давраҳои гуногуни таърихӣ омили наҷотбахш ва сарчашмаи эҳёи дубораи халқи тамаддунофари тоҷик гардидааст»
КИШТИ ТАКРОРӢ. Барои рӯёнидани ду ё се ҳосил аз як замин чӣ бояд кард?
ТАВСИЯИ МУТАХАССИС. Истеъмоли мармиҷон мӯй ва нохунҳоро мустаҳкам карда, онҳоро қавӣ ва дурахшонтар месозад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Барои гирифтор нашудан ба бемории дарунравӣ чӣ бояд кард?