ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲОИ ОСИЁ-2023/24. 24 октябр «Истиқлол» ва «Персеполис» бозӣ менамоянд

Октябрь 22, 2023 16:16

ДУШАНБЕ, 22.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. 24 октябр чемпиони Тоҷикистон- дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе дар даври 3-юми бозиҳои марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои Осиё дар сафар бо дастаи футболи «Персеполис»-и Эрон ва дастаи «Ал-Наср»-и Арабистони Саудӣ дар ҳамин рӯз дар сафар бо дастаи футболи «Ал-Дуҳайл»-и Қатар рақобат менамоянд. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар»  бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

2 октябр  дар варзишгоҳи «Ал-Аввал Парк»-и шаҳри Риёз бозии даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои Осиё дар гурӯҳи «Е» байни дастаҳои футболи «Ал-Наср»-и Арабистони Саудӣ ва «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе дар сатҳи баланд баргузор гардида, бо ҳисоби 3 бар 1 ба нафъи дастаи футболи «Ал-Наср»-и Арабистони Саудӣ анҷом ёфт.

Ёдовар мешавем, ки 19 сентябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бозии даври аввали марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои Осиё-2023/24 байни Чемпиони Тоҷикистон- «Истиқлол»-и Душанбе ва «Ал-Дуҳайл»-и Қатар дар сатҳи баланд доир шуда, бо натиҷаи мусовии 0 бар 0 ба анҷом расид.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Октябрь 22, 2023 16:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид