Лоиҳаи пешниҳоди стипендияҳо барои омодасозии кадрҳо дар Ҷопон байни хизматчиёни давлатии Тоҷикистон рӯнамоӣ гардид

Октябрь 28, 2023 15:49

ДУШАНБЕ, 28.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. 26 октябр дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад  Осимӣ бо ташаббуси Дафтари Лоиҳаи JDS дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хизматчиёни давлатии вазорату идораҳои калидӣ вобаста ба муаррифии Лоиҳаи пешниҳоди стипендияҳо барои омодасозии кадрҳо дар Ҷопон машварати омӯзишӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Агентии хизмати давлатӣ хабар доданд.

Дар машварат  ҳадаф,  имконияти пешниҳоди ҳуҷҷатҳо, интихоб, ҳуқуқ ва уҳдадориҳо тибқи муқаррароти Лоиҳаи пешниҳоди стипендияҳо барои омодасозии кадрҳо дар Ҷопон (Лоиҳаи JDS) муаррифӣ гардид, ки мақсади он  интихоб ва ҷалби хизматчиёни давлатии Тоҷикистон ба зинаи магистратура ва докторантураи донишгоҳҳои бонуфузи Ҷопон дар соли 2024 ва муваффақона амалӣ намудани лоиҳа дар соли 2024 мебошад.

Байни иштирокчиён ва хизматчиёни давлатии мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати ҳадафманд татбиқ ва амалӣ гардидани ин лоиҳа саволу ҷавоб доир гардид.


Ёдовар мешавем, ки ёддоштҳои табодулӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷопон оид ба «Лоиҳаи пешниҳоди бурсияҳои таҳсилӣ барои рушди захираҳои инсонӣ», Созишномаи грантӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ вобаста ба «Лоиҳаи пешниҳоди бурсияҳои таҳсилӣ барои рушди захираҳои инсонӣ» ва Қарордоди байни Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази ҳамкории байналмилалии Ҷопон аз соли 2009 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардида, 121 нафар хизматчии давлатӣ барои таҳсил ба донишгоҳҳои Ҷопон ҷалб  гардид. То имрӯз 90 нафари онҳо зинаҳои магистратура ва докторантураро дар донишгоҳҳои Ҷопон хатм намуда, 31 нафари онҳо ҳоло таҳсили худро идома медиҳанд.

Дар машварат муовини Директори Агентии хизмати давлатӣ Дилноза Аҳмадзода, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Тошиҳиро Аики, роҳбари намояндагии Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон дар Тоҷикистон Имей Сейҷу иштирок доштанд.

АКС: Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 

Октябрь 28, 2023 15:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишгоҳи технологии Тоҷикистон соҳиби аккредитатсияи байналмилалии институтсионалӣ гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Бадахшон 300 муассисаи таҳсилоти умумӣ ба истифода дода шуд
Дар даври сеюми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ беш аз 16 ҳазор нафар донишҷӯ шуданд
Дар шаҳри Кӯлоб муассисаи таълимӣ баъди таъмиру навсозӣ ба истифода дода шуд
Донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар Олимпиадаи байналмилалӣ оид ба бехатарии молиявӣ иштирок намуданд
Ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон зиёда аз 842 ҳазор китоби дарсии «Забони русӣ» ворид гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ ду маркази муосири таълимӣ ба истифода дода шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бахшида ба Рӯзи омӯзгорон ва Рӯзи забони давлатӣ ҳамоиши илмӣ–маърифатӣ доир шуд
Пешвои миллат: «Бе донистани забони адабии тоҷикӣ омӯхтани забонҳои хориҷӣ номумкин аст»
Дар Душанбе доир ба саҳми Пешвои миллат дар рушди забони тоҷикӣ ҳамоиш баргузор шуд
«ЗЕҲНИ СУНЪӢ–ЭЪТИМОД, АМНИЯТ ВА РУШД». Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон конфронси байналмилалӣ доир шуд
«ЗАБОНИ МИЛЛАТ-ҲАСТИИ МИЛЛАТ». Дар Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар Рашт ҳамоиши илмӣ доир гардид