МАН БА ХИЗМАТИ ВАТАН ОМОДААМ! Ҷавонони шаҳри Ваҳдат ба таври ихтиёрӣ ба сафи Артиши миллӣ шомил гардиданд

Октябрь 3, 2023 13:08

ВАҲДАТ, 03.10.2023./АМИТ «Ховар»/. Мавсими ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дорад. Бо ин мақсад таҳти унвони «Рӯзи даъватшаванда» дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат  барномаи фарогир ва хотирмон баргузор шуда, даъватшудагони зиёде  бо доир намудани маросими «Кулчагазон» аз ҷамоатҳои шаҳраку деҳот бо орзуҳои неку дуои падару модарон ба сафи Артиши миллӣ ҷалб  шуданд.  Дар ин хусус ба   хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат хабар доданд.

Раиси шаҳри Ваҳдат Мирзо Исмоилзода дар ин ҳамоиши  тантанавӣ даъватшудагонро  барои содиқонаю софдилона хизмат намудан ба Ватан – Модар даъват намуда, иброз дошт, ки «хизматҳои шабонарӯзии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати муҳайё намудани шароити хуб дар қисмҳои ҳарбии ҷумҳурӣ беназир мебошанд.  Хизмат дар сафи Артиш, ҳимоя аз марзу буми Ватан- Модар ҳамеша мояи шараф ва ифтихори ҳар фарди баору номус ва ватандӯст буд, ҳаст ва ин рисолат то абад боқӣ мемонад. Аз таърих ва осори гузаштагон медонем, ки ба сафи Артиш танҳо ҷавонони ғаюру шуҷоатманд ҷалб мешуданд ва ин анъана имрӯз низ давом дорад.  Мо бо боварӣ гуфта метавонем, ки шаҳри Ваҳдат бо шумо, ҷавонони далеру шуҷои худ ифтихор менамояд».

Дар навбати худ даъватшавандагон иброз доштанд, ки хизмат ба Ватан-Модарро қарзи фарзандии хеш медонанд ва баҳри иҷрои он омодаанд.

Дар рӯзи якуми даъвати ҳарбӣ масъулини ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти Чорсу, Баҳор ва Нуъмон Розиқ маъракаи даъватро ба анҷом расониданд.

Ҳамчунин дар ҳамоиши мазкур  ба наваскароне, ки даври ронандагии ТҶ «Мададгори мудофиа» – ро хатм намуда, ба сафи Артиши миллӣ ихтиёран шомил шудаанд, шаҳодатномаҳои ронандагӣ супорида шуданд.

Дар анҷоми ҷамъомади тантанавӣ дастаи ҳаваскорони бахши фарҳанги шаҳр бо барномаи ҷолиби консертӣ хотири даъватшудагону волидайни онҳоро шод гардонид.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат

Октябрь 3, 2023 13:08

Хабарҳои дигари ин бахш

ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид