Манораи «афтанда» дар Италия аз сабаби хавфи зиёди фурӯравӣ баста шудааст

Октябрь 28, 2023 15:00

ДУШАНБЕ, 28.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри шимолии Италия- Болония манораи асримиёнагӣ барои тамошо аз сабаби пайдо шудани шубҳа дар мустаҳкамии он баста шуд, иттилоъ медиҳад «Euronews».

Мири шаҳри Болония Маттео Лепоре итминон дод, ки тамоми корҳои зарурӣ анҷом дода мешаванд. Бо фармони мақомот ҳаракати нақлиёт дар атрофи манора қатъ гардид, то олимон тавонанд устувории онро назорати пурра  намоянд.

Гаризенда дар солҳои 1109-1119 сохта шудааст. Баландии манора 48 метрро ташкил медиҳад.

Манора дар зери нишебии чор дараҷа истодааст. Масалан, манораи машҳури Пизан дорои каҷии панҷдараҷагӣ мебошад. Гаризенда  аллакай чанд аср инҷониб хам шуда меистад- дар асри XIV онро бинобар хавфи афтидан даҳ метр буриданд. Дар соли 2019 дар атрофи манора панҷараҳои пӯлодӣ насб намуданд, соли 2022 таҳкурсии онро мустаҳкам гардонданд. Аммо, ба назар чунин мерасад, ки ҳамаи ин кӯшишҳо то ҳол мушкилиро ҳал нанамудаанд.

Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Октябрь 28, 2023 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Истанбул тӯфони шадид ба амал омад
Бар асари сӯхтор дар меҳмонхонае дар Алмато 13 нафар ҳалок гардид
Дар натиҷаи сӯхтор дар маркази савдои Покистон 11 нафар ҳалок ва 20 нафар захмӣ гардиданд
Дар Канадаи марказӣ бар асари тирпаронӣ се нафар ҳалок ва ду нафар сахт захмӣ гардиданд
Дар Муғулистон минтақаҳои чорводорӣ метавонанд аз офати табиӣ зарар бинанд
Дар натиҷаи тирпаронӣ дар шаҳри Филаделфияи Амрико ду нафар ҳалок шуд
Гурӯҳи коршиносони Созмони ҳамкории Шанхай масоили таъмини амнияти иттилоотиро баррасӣ намуд
Шабакаи ҳамкорӣ байни академияҳои маъмурии Чин ва давлатҳои Осиёи Марказӣ ба кор шуруъ намуд
Дар шимоли Фаронса муассисаҳои таълимӣ муваққатан баста шуданд
1 ноябр ваколатдорони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Минск ҷамъ меоянд
Шумораи ҳалокшудагон дар кони Костенкои Қазоқистон ба 16 нафар расид
Бар асари тӯфони Отис дар Мексика 27 нафар ҳалок шуд