Маркази миллии тестӣ даври сеюми иловагии бақайдгирии довталабонро барои иштирок дар ИМД-2023 оғоз намуд

Октябрь 10, 2023 14:42

ДУШАНБЕ, 10.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. Шуруъ аз имрӯз даври сеюми иловагии бақайдгирии довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2023 (ИМД-2023) оғоз гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Барои довталабони дар ин давра номнависшаванда даври сеюми иловагии имтиҳонҳо амалӣ мешавад. Таърихи баргузории он баъд аз таҳлили раванди бақайдгирӣ муқаррар мегардад. Дар ин давраи бақайдгирӣ ихтисосҳои дорои ҷойҳои холӣ ва ё ихтисосҳои нав аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Коллеҷи омӯзгории шаҳри Турсунзода, Коллеҷи тиббии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров (ғайридавлатӣ), Коллеҷи тиббии шаҳри Конибодом, Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар, Коллеҷи тиббӣ-иҷтимоии шаҳри Левакант (ғайридавлатӣ) ва филиали Коллеҷи тиббӣ-иҷтимоии шаҳри Левакант (ғайридавлатӣ) дар шаҳри Норак пешниҳод карда шудаанд.

Бо назардошти маҳдудият дар интихоби муассисаҳои таълимӣ ва имконияти Марказ нуқтаҳо барои даври сеюми иловагии бақайдгирии довталабон дар шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Турсунзода, Бохтар, Норак ва Бобоҷон Ғафуров, ки рӯйхати онҳо дар сомонаи марказ оварда шудааст, ташкил гардидаанд.

Таърихи баргузории он баъд аз таҳлили раванди бақайдгирӣ муқаррар мегардад.

Дар ин давр шахсони зерин метавонанд худро номнавис намоянд:

шахсоне, ки дар ИМД-2023 ягон бор худро номнавис накардаанд;

довталабони дар даврҳои якум, дуюм ва сеюм (асосӣ)-и бақайдгирӣ номнависшудае, ки дар имтиҳонҳо (даврҳои якум, дуюм ва сеюми асосӣ) иштирок накардаанд;

довталабони дар яке аз даврҳои имтиҳонҳо иштироккардае, ки ба озмун роҳ наёфтаанд, яъне аз як ё якчанд субтест холи гузаришро соҳиб нашудаанд;

довталабони дар асоси яке аз озмунҳо – тақсимоти асосӣ, такрорӣ ва такрории иловагӣ комёбшудае, ки барои қабул дар муассисаҳои таълимии дахлдор ҳозир нашудаанд;

довталабоне, ки дар асоси яке аз озмунҳо – тақсимоти асосӣ, такрорӣ ва такрории иловагӣ аз рӯйи ихтисосҳои самти тиб гузаштаанду вале бинобар гирифториашон ба бемориҳое, ки шахсони ба онҳо мубталогашта ҳуқуқи таҳсилро дар муассисаҳои таълимии тиббӣ надоранд, ба ин муассисаҳои таълимӣ қабул нашудаанд.

Шахси хоҳишманди иштирок дар даври сеюми иловагии ИМД-2023 бояд бо ҳуҷҷатҳои зарурӣ, ки рӯйхати онҳо дар зер оварда шудааст, дар яке аз нуқтаҳои бақайдгирӣ ҳозир шавад, яъне ҳузури довталаб ҳатмӣ аст.

Рӯзи охирини даври сеюми бақайдгирӣ дар шаҳри Душанбе 14 октябр муқаррар гардида, нуқтаҳои бақайдгирӣ дар шаҳру ноҳияҳои дигар вобаста ба теъдоди довталабон фаъолият менамоянд. Хотиррасон менамоем, ки агар довталаби дар ин давр номнависшуда хоҳиши иваз намудани интихобҳои аввалаашро дошта бошад, метавонад ин корро дар ҳамин муҳлат анҷом диҳад. Барои азнавбақайдгирӣ довталаб бояд ба нуқтаи бақайдгирие муроҷиат намояд, ки дар он худро сабти ном намудааст.

Довталабон дар интихоби ихтисосҳо озод буда, то 12 комбинатсияи ихтисоси ба худ писандро танҳо аз як гурӯҳи ихтисосҳо интихоб намуда метавонанд. Дар вақти бақайдгирӣ яке аз забонҳо (русӣ ва тоҷикӣ) ва маконҳои имтиҳонсупорӣ ва ҷойи фиристодани даъватномаро бояд интихоб намуд. Инчунин довталабоне, ки ихтисосҳоро аз гурӯҳҳои ихтисосҳои 2-юм (иқтисод ва география), 3-юм (филология, педагогика ва санъат) ва 4-ум (ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ) интихоб менамоянд, барои имтиҳон аз забони хориҷӣ яке аз забонҳои хориҷӣ – англисӣ/немисӣ/франсавӣ/арабиро интихоб намуда метавонанд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Октябрь 10, 2023 14:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Корея Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ оид ба барқарорсозии рақамии ҷангалҳо ва амалиёти иқлимӣ ба имзо расид
Барои рушди соҳаи маорифи ноҳияҳои водии Рашт дар 20 соли охир беш аз 2,1 миллиард сомонӣ равона шудааст
Бо иштироки 602 нафар довталаб даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«ДОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Беш аз 200 нафар ба даври ниҳоии озмун роҳхат гирифтанд
Дар Филиали Донишгоҳи миллии тадқиқотии «Донишкадаи энергетикии Москва» дар шаҳри Душанбе озмоишгоҳи нав ба истифода дода шуд
Маркази миллии тестӣ давраи сеюми бақайдгирии довталабонро тамдид намуд
Имрӯз даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
Тоҷикистон натиҷаҳои аввалини PISA 2025-ро муаррифӣ мекунад
Байни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва MERI Centre for International Studies Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
МАОРИФ — САРМОЯИ МИЛЛАТ. Дар ҳошияи суханронии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи дониш
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ. Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба талаботи асри технология мутобиқ гардидааст
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ҳамоиши тантанавӣ доир шуд