Масъалаи ҷалби соҳибкорони кореягӣ ба иқтисоди вилояти Хатлон баррасӣ гардид

Октябрь 26, 2023 16:13

ДУШАНБЕ, 26.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. 25 октябр Раиси вилояти Хатлон бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Корея дар Тоҷикистон вохӯрӣ доир намуд, ки дар он оид ба  рушди муносибатҳои дуҷонибаи ду давлат ибрози назар гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба  шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон хабар медиҳад.

Тазаккур дода шуд, ки вилояти Хатлон яке аз минтақаҳои калонтарин ва дорои захираю имконияти васеи ҳамкорӣ дар самтҳои мухталиф буда, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон барои рушди соҳибкорӣ,  махсусан барои соҳибкорони хориҷӣ тамоми шароити заруриро муҳайё намудааст.

Таҳлили раванди ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Корея нишон медиҳад, ки сол то сол муносибатҳо рушд меёбанд. Асоси гуфтаҳои боло- ин татбиқи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки имрӯз Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати сулҳофар, ором ва меҳмоннавоз мешиносанд.

Иброз гардид, ки бо мусоидати Сафорати Корея дар Тоҷикистон ба ҷумҳурӣ, аз ҷумла вилояти Хатлон гурӯҳҳои мухталифи соҳибкорону сармоягузорон меоянд. Айни ҳол дар Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» яке аз корхонаи калонтарин оид ба истеҳсоли панелҳои офтобӣ, ки аз ҷониби сармоягузорони кореягӣ маблағгузорӣ мегардад, сабти ном шудааст.

Дар идомаи мулоқот масъалаҳои муҳими ҳамкорӣ дар самти рушди муносибатҳои байналмилалӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, саноат ва кишоварзӣ, маориф, ҷалби соҳибкорони кореягӣ ба иқтисоди вилояти Хатлон, таҳкими муносибатҳои дӯстона байни минтақаву вилоятҳои ду давлат, сайёҳӣ, таъсиси корхонаҳои муштарак ва дигар мавзуъҳои мавриди таваҷҷуҳ муҳокима шуданд.

Ҳамзамон Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Корея дар Тоҷикистон баён дошт, ки барои қисмҳои эҳтиётии тайёраи офтобӣ лоиҳаи бузургеро амалӣ менамоем, ки дар марҳилаи аввал то 3000 нафар бо ҷои кор таъмин мешаванд.

Инчунин гуфта шуд, ки ҷониби Корея мехоҳад лоиҳаеро дар самти кишоварзӣ, махсусан ниҳолшинонӣ амалӣ намояд, зеро дар ин давлат ҳар сол ҷашни ниҳолшинонӣ доир мешавад, ки ҳадафи он тоза намудани табиат мебошад.

Иттилоъ дода шуд, ки бо мақсади рушди ҳамкории байниминтақавӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ ва бунёди корхонаҳои муштарак лоиҳаи Ёддошти тафоҳум байни вилояти Хатлон ва вилояти Канвондои Ҷумҳурии Корея оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, кишоварзӣ, сайёҳӣ ва гуманитарӣ аз расмиёти дохилидавлатӣ гузаронида шуда, тариқи роҳҳои дипломатӣ ба ҷониби вилояти Канвондо равон гардидааст.

АКС: Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон

Октябрь 26, 2023 16:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд