«МегаФон Life» қабули фикру мулоҳизаҳоро оид ба сифати алоқа оғоз намуд
ДУШАНБЕ, 13.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар замимаи мобилии «МегаФонLife» замимаи «Хоҳишу дархостҳо барои такмили сифати алоқа» пайдо шуд. Акнун муштариён имкон доранд, ки вобаста ба такмили сифати хизматрасонии ширкати «МегаФон Тоҷикистон» хоҳишу дархостҳои худро гузоранд. Қайди дақиқи маконе, ки дар он мизоҷони оператор бештар бо мушкилиҳо рӯ ба рӯ мешаванд, имкон медиҳад, ки мушкилӣ зудтар ва бо самараи бештар ҳал шавад.
Оператори имконияти нави рақамӣ дорои якчанд шабакаи иртибот бо муштариён мебошад. Хоҳишу дархостҳои худро вобаста ба такмили сифати алоқа метавон дар идораҳои хизматрасонӣ, тавассути чати сомонаи расмӣ ё шабакаҳои иҷтимоӣ пешниҳод намуд. Лекин бисёр муроҷиатҳо «хусусияти умумӣ» доранд, мутахассисони техникӣ оид ба маконе, ки дар он суръати интернет баланд бардошта, сифати алоқаи овозӣ беҳтар шавад, бояд маълумоти то ҳадди имкон дақиқ ва пурра дошта бошанд. Вазифаи нави замимаи «МегаФон Life» ин амалро ба иҷро мерасонад.
«Дар минтақаҳо бо сохтмонҳои зич, ки миқдори зиёди пойгоҳҳои базавиро дар бар мегиранд, донистани нишониҳои ҷои дорои мушкилдор бо дақиқияти пурра зарур меояд. Дар «МегаФон Life» система ба таври автоматӣ макони қароргириро тариқи GPS муайян менамояд, ин маънои онро дорад, ки имкон ҳаст муайян шавад, ки гузаронидани кадом корҳо дар шабака зарур меояд ва маҳз дар куҷо онҳо бояд гузаронида шаванд. Ин имкон медиҳад, ки корҳо зудтар анҷом дода шаванд», — мегӯяд роҳбари шуъбаи инфрасохтори ширкати «МегаФон Тоҷикистон» Фирдавс Илёсов.
Гузоштани фикру мулоҳизаи худ дар қисми «Боз ҳам», ки дар он банди феҳрист бо номи «Хоҳишу дархостҳо барои такмили сифати алоқа» пайдо шуд, имконпазир аст. Дар он муштарӣ сабт менамояд, ки маҳз дар истифодаи чӣ ба мушкилӣ рӯ ба рӯ шудааст – алоқаи овозӣ ё интернет. Маълумоти боқимондаи ба мутахассисони техникӣ зарурӣ ба таври автоматӣ сабт мешавад – ин, бахусус, макони қароргирӣ, вақти дақиқи муроҷиат ва намуди телефони муштарӣ ба ҳисоб меравад.
Инчунин дар реҷаи автоматӣ система мизоҷро аз ҷараёни ҳалли масъала хабардор менамояд. Истифодабарандагони замимаи «МегаФон Life» ёварони беҳтарини муҳандисони ширкати «МегаФон Тоҷикистон» хоҳанд шуд.
АКС: ширкати «МегаФон Тоҷикистон»








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






