Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо тарбиятгирандагони Мактаб-интернати ҷумҳуриявии низомаш махсуси шаҳри Ҳисор суҳбат намуд

Октябрь 12, 2023 09:20

ҲИСОР, 12.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар дода будем, рӯзҳои нахустини моҳи октябр  муовини  Сарвазири Тоҷикистон Матлубахон Сатториён дар шаҳри Ҳисор ба Мактаб–интернати ҷумҳуриявии низомаш махсуси шаҳр  рафта, бо шароити таълиму тарбия ва зиндагии кӯдакони маъюб шинос гардид. Дар ин хусус масъулини Мактаб–интернати ҷумҳуриявии низомаш махсуси шаҳри Ҳисор  ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд  хабар доданд.

Ба муовини Сарвазири Тоҷикистон иттилоъ дода шуд, ки дар Мактаб–интернати ҷумҳуриявии низомаш махсуси шаҳри Ҳисор  312 нафар  хонанда ба таълиму тарбия фаро гирифта шуда, таҳсил дар зинаҳои ибтидоӣ ва умумии асосӣ дар як баст ба роҳ монда шудааст. Бошандагон тибқи оиннома ба таълиму тарбия фаро гирифта шуда, бо ҷойи хобу зисти шабонарӯзӣ  таъмин мебошанд.

Мактаб–интернати ҷумҳуриявии низомаш махсуси шаҳри Ҳисор дорои бинои хуби таълимӣ, хобгоҳ, ошхона, духтурхона, майдончаи варзишии мутобиқ ба вазъи саломатии бошандагон мебошад, ки онҳо бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикисон ва соҳибкорони муваффақ таъмири пурра шуда, бо беҳтарин таҷҳизоти замонавӣ, мизу курсӣ ва компютерҳои нав муҷаҳаз мебошанд. Дар муассиса 29 нафар омӯзгор ва 30 нафар мураббии ихтисосманд ба таълиму тарбияи кӯдакони ниёзманд машғул ҳастанд.


Иттилоъ дода шуд, ки имсол баҳри омӯзиши ҳунар барои бошандагони ин муассиса маҳфилҳои касбомӯзии  пухтупаз, пойафзолдӯзӣ, дастони моҳир,  сартарош, рассомони ҷавон ва дастаи ҳаваскорон ташкил гардид, ки ба баланд гардидани тарбияи зебоипарастии тарбиятгирандагон мусоидат менамояд.

Дар Мактаб–интернати ҷумҳуриявии низомаш махсус баҳри  иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024”  108 тонна ангишт, 30 куб ҳезум, 24 гармкунаки барқӣ, 3 тонна орд, 300 литр равған, 250 кг биринҷ, 500 кг шакар, 1 тонна картошка, 500 кг пиёз, 200 кг сабзӣ ва 500 зарф шарбати меваю қайлаи помидор захира намудаанд. Дар фасли сармо биноҳои муассиса  тариқи 7 дегхона ба воситаи шабакаи ягонаи  гармидиҳӣ гарм мешаванд.

Зимни  шиносоӣ дар  муассиса муовини Сарвазири Тоҷикистон Матлубахон Сатториён бо тарбиятгирандагон суҳбати самимона намуданд.

АКС: Мактаб-интернати ҷумҳуриявии низомаш махсуси шаҳри Ҳисор

Октябрь 12, 2023 09:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон бо Раёсати нашр ва паҳнкунии адабиёт бо забонҳои хориҷии Чин густариш меёбад
Таъсиси маркази касбомӯзӣ ва омӯзиши забонҳои арабӣ ва англисӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ шуд
Истифодаи барномаи «Амина» барои шаҳрвандони хориҷие, ки ба Русия бе раводид ворид мешаванд, ҳатмӣ мегардад
ТАВСИЯҲОИ МУФИД. Доир ба тарзи нави захира кардани меваҷоту сабзавот барои фасли зимистон
«ЭЪЛОМИЯИ ҲУҚУҚИ БАШАР». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир гардид
Китоби Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон таҳти унвони «Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва марҳилаҳои рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол» рӯнамоӣ гардид
Дар Хадамоти иҷро оид ба татбиқи хизматрасониҳои электронӣ машварати омӯзишӣ доир гардид
Тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатии бехатар баррасӣ шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон оид ба муҳоҷирати меҳнатии қонунӣ ва бехатар корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон Даҳаи дастгирии шири модар оғоз гардидааст
«ҲУҚУҚ БА САЛОМАТӢ». Таҳти чунин унвон озмуни байналмилалӣ доир мегардад
Лагери истироҳатию солимгардонии «Саодат» 360 кӯдакро ба истироҳат фаро гирифт