Нақши устод Айнӣ дар марҳилаи нави рушди забони тоҷикӣ назаррас аст

Октябрь 5, 2023 15:25

ДУШАНБЕ, 05.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. 5 октябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи забони давлатӣ таҷлил мешавад. Дар ин рӯз мебояд аз хизматҳои устод Садриддин Айнӣ дар роҳи тоза нигоҳ доштани забони адабии тоҷик ёд намуд.

-Дар бораи осори илмию адабии устод Садриддин Айнӣ зиёд навиштаанд ва пажуҳишҳои қобили мулоҳиза ҳам аз тарафи донишмандони маъруфи тоҷик анҷом пазируфтаанд. Зимни эҷоди мақолаҳо ба навиштаҳои устод Айнӣ бештар истинод мешавад, ки ин бесабаб нест, зеро дар осори адабии ӯ иқтидору тавонмандии забони модарӣ дар заминаи андӯхтаҳои гузаштаю имрӯза хуб ба мушоҳида мерасад.

Вақте ба осори устод ва навиштаҳои дигарон дар бораи Айнӣ рӯ меорем, мебинем, ки забон ҳамеша дар меҳвари фаъолияти адабии ӯ қарор дошта ва руҳи хастагинопазираш ҳеҷ гоҳ аз он ҷудо набудааст. Таълифоти ӯ беҳтарин намунаи забони тоҷикӣ дар ибтидои садаи бист эътироф шудааст. Маҳорату устодии Садриддини Айнӣ дар корбасти вожаҳо, аз ҷумла вожаҳои мураккаб равшантар ба мушоҳида мерасад. Бештари онҳо сохтаи худи устод мебошанд, дар заминаи андӯхтаҳои классикӣ ва мардумӣ бо истифода аз имконияти дохили забонӣ фаровон истифода шудаанд. Ин ҷо ҳаминро бояд иброз дошт, ки сухани устод Айнӣ дар вожасозӣ бо андӯхтаҳои халқӣ ба дараҷаи сухани авомона, одӣ нест, балки он дар доираи меъёр анҷом мепазирад.

Бояд гуфт, ки вожасозӣ осонкориро намеписандад, истифодаи бемавриди вожаҳо дар таркиббандӣ забонро ба харҷу марҷ бурда, бунёди онро заиф месозад. Шояд муҳимияти ин масъаларо устод Айнӣ пештар аз дигарон эҳсос намуда, хостааст аз истифодаи нодурусти вожаҳо ҷилавгирӣ намояд. Аз ҷумла, соли 1928 корбурди нодурусти баъзе вожаю ибораҳоро аз ҷониби аҳли қалам ба мушоҳида гирифта, устод Айнӣ гуфта будааст, ки «ба сабаби дуруст кор нафармуданашон забон аз руҳи тоҷик дур мешавад».

Як сабаби рангорангию хусусияти универсалӣ доштани вожаҳои осори устод ҳам ҳамин аст, ки дар он лексикаи ҳамаи табақаҳои аҳолӣ моҳирона корбаст шудааст. Устод бо муҳити забони давраи муайян маҳдуд нагардидааст, забони ӯ идомаи забони классикӣ буда, танҳо бо афзудани унсурҳои забони гуфтугӯӣ неруманд шудааст.

Бузургтарин хидмати устод Айнӣ дар рушду такомули забонии модарӣ дар он аст, ки ӯ бо вуҷуди таъсири дигаргуниҳои сиёсию иҷтимоии замон ва баъзе равандҳои номатлуб дар сиёсати забон, нахост забони адабӣ аз роҳи забони классикӣ берун равад, кӯшиш намуд, ки пайванди гузаштаю имрӯзаи забон устувор бимонад, забони адабии муосир аз андӯхтаҳои ҳазорсола маҳрум нагардад. Дар баробари ин устод рӯ овардан ба забони мардумиро низ зарур шуморид, зеро яке аз роҳҳои ғаномандии дороиҳои забон ба андешаи ӯ, истифодаи баъзе вожаҳои классикии дар лаҳҷаҳо маҳфузмонда ба ҳисоб мерафт, ки ба хотири хосту ниёзҳои забон ба забони умумиистеъмол ворид намудани онҳо айни муддао мебошад.

Сабаби дигари аз ҷониби устод Айнӣ моҳирона истифода шудани забони классикӣ ва халқиро баъзе донишмандон, аз ҷумла М. Шакурӣ ва С. Ҳалимов дар он дидаанд, ки устод Айнӣ камбуду нуқсонҳои аз роҳи забони классикӣ берун шудани забони адабиро дар садаи бист пай бурда, рӯ овардан ба забони классикӣ ва халқиро роҳи илоҷи ин кор донистааст. Ин андеша бебаҳс аст, зеро забони адабии мо бо вуҷуди дигаргуниҳои сиёсию иҷтимоӣ дар тӯли ҳазор соли охир аз маҷрои табиии рушди худ берун нарафта буд ва танҳо дар қарни бист бар асари баъзе ҳаводиси номатлуб ва талошҳои сода намудани забон нусхабардорию тақлидкорӣ аз дигар забонҳо зиёд шуд ва устод Айнӣ хостааст бо вожаҳои зебои халқӣ ҳусни сухани асили тоҷикиро бештар созад.

Устод Айнӣ ҳамчун донандаи хуби забон ба хурдтарин ҷузъиёти вожаҳо, шакли онҳо эътибор медод. Чунончи, андешаи ӯ дар мавриди ба шакли дуруст кор фармудани баъзе вожаҳои дар лаҳҷаҳо таҳрифшуда қобили мулоҳиза мебошад. Масалан, устод Айнӣ дар як мактуби худ вожаи таҳрифшудаи «нахустабин» (фарзанди аввал ) — ро дар Бухоро мисол овардааст, ки шакли дурусти он «нахустин» аст. Ин ҷо бояд ёдрас намуд, ки ҳамин вожаи дар тоҷикони Бухоро маъмули «нахустабин» (ба маънии фарзанди нахустин) дар баъзе навоҳии кӯҳистон бо номи «сарнахустин», «сарнухустин» низ гуфта мешавад. Ё калимаи «марворидак» (навъи тут), ки дар Луғати устод оварда шудааст, дар баъзе минтақаҳои кӯҳистон ба шакли таҳрифшудаи «марвортак» ном бурда мешавад.

Ин ҷо ҳамчунин таъкид мебояд, ки вожаҳои мураккаби халқии осори устод Айнӣ вожаҳои кӯчаву бозор ё ниҳоят авомона нестанд, онҳо дар доираи меъёрҳои забони адабӣ буда, барои ҳамафаҳм намудани забон вобаста ба лексикаи касбу кори ҳар табақа корбаст шудаанд ва ин нишонаи он аст, ки забони адабӣ ҳаргиз аз забони мардум дур ё ҷудо набуд, робитаи забони адабӣ бо асосҳои халқии он қавӣ буд. Содагаройӣ дар истифодаи вожаҳо маънои бо сухани одию авомона ифода намудани матлаб нест, муҳим он аст, ки сухан дар кадом қолабе, ки бошад (хоҳ бо вожаи мураккаб, хоҳ сода ё сохта), бо риояи ҳусни сухан дақиқ ва муҷазбаён гардад. Устод Айнӣ ба ин масъала сахт эътибор додааст.

Забони адабии тоҷикӣ дар тӯли садсолаҳо ҳамеша аз забони зиндаи гуфтугӯӣ баҳра мебурд ва аз калимаҳои бо мурури замон серистеъмоли халқӣ дороӣ меафзуд. Устод Айнӣ ҳам аз шароити иҷтимоӣ, ҷамъият ҷудо набуд, ҳамеша гӯш ба сухани мардум медод, сари вожаю ибораҳои суфтаю пурмаънӣ ва нишонраси халқӣ меандешид.

Тавре мебинем, робитаи забони адабӣ бо забони халқӣ хеле мураккаб аст, ки инро донишмандон, аз ҷумла устод Айнӣ ба хубӣ дарк намудаанд. Дар баргирифти вожаҳои халқӣ аз ҳама муҳим эҳтиёткорӣ зарур аст, дар акси ҳол имкон аст ҳар сухани авомона ба забони адабӣ раҳ ёбад.

Дар маҷмуъ, аз он чи ки дар боло гуфта шуд, метавон чунин натиҷагирӣ намуд:

1.Устод Айнӣ коста нашудани руҳи забонро дар пайванди гузаштаю имрӯзаи андӯхтаҳои забон ва дар ин замина устувор намудани пояҳои он мутобиқ ба ниёзҳои замони муосир медид, ки забони баёни таълифоти ӯ аз ин гувоҳӣ медиҳад.

2. Бузургтарин хидмати устод дар рушду такомули забони модарии мо дар он аст, ки ӯ худро аз ҳаёти иҷтимоӣ ҷудо накарда, бо вуҷуди таъсири таҳаввулоти сиёсию иҷтимоии замон ва баъзе равандҳои номатлуб дар сиёсати забон нахост забони адабӣ аз роҳи забони классикӣ берун равад, кӯшиш намуд, ки пайванди гузаштаю имрӯзаи забон устувор бимонад, забони адабии муосир аз андӯхтаҳои ҳазорсола маҳрум нагардад.

3. Устод Айнӣ дар навиштаҳои худ имконияти беназири забони тоҷикиро бахусус дар бахши вожасозӣ ва вожагузинӣ барои аҳли адаб ва муҳаққиқон бозгӯ намуда, барои ояндагон роҳ ҳамвор намуд.

4. Зимни вожагузинӣ ва вожасозӣ устод ба хотири нерумандии забон ҳамчунин рӯ овардан ба унсурҳои беҳтарини забони мардумиро низ зарур шуморида, кӯшиш ба харҷ додааст, ки онҳо хусусияти умумистеъмолӣ пайдо намоянд. Ба ҳам омехта шудани забони классикӣ ва гуфтугӯӣ дар осори Айнӣ чунон бомаҳорат ба амал омадааст, ки аз нодиракории як устоди бузурги забон дарак медиҳад.

5. Сухани Айнӣ хоҳ дар мавриди сохтмони вожаҳои сода ва хоҳ мураккаб, хоҳ бо забони гуфтугӯӣ ва хоҳ адабӣ табиӣ ба назар мерасад.

Ҳамин тариқ, дар садаи бист дар роҳи рушду тараққии давраи нави забони модарӣ ва ғано афзудани дороиҳои он устод Айнӣ кореро анҷом дод, ки шоиста, намуна ва мояи пайравии дигарон хоҳад буд.

Мирзомурод НОРОВ,
номзади илми филология

АКС аз манбаъҳои боз

Октябрь 5, 2023 15:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бадахшон бо иштироки ҳайати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон маҳфили адабӣ доир шуд
«ТОҶИКИСТОН – ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Даври сеюми ин озмуни ҷумҳуриявӣ моҳи сентябр баргузор мешавад
Ҳайати котиботи номинатсияи фаромиллии Роҳи абрешим: Долони Фарғона — Сирдарё бо ёдгориҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва меъмории Суғд шинос мегардад
Олимони Чин бо фаъолияти расадхонаҳои Тоҷикистон шинос шуданд
Вобаста ба масъалаҳои таъмини ҳифзи сирри давлатӣ дар матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма машварати омӯзишӣ доир гардид
22 июл дар Вазорати фарҳанг, Кумитаи телевизион ва радио, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ва МД «Телевизиони Сафина» нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Дар Душанбе намоиши «Намунаҳои атласу адраси тоҷикӣ аз фонди Осорхонаи миллӣ» ифтитоҳ гардид
22 июл дар Тоҷикистон нишастҳои матбуотии вазорату идораҳо оғоз мегарданд
Сайёҳон ба воситаи аудиошунавоӣ бо мавзеъҳои таърихиву фарҳангии шаҳри Хуҷанд шинос мешаванд
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Ба даври сеюми ин озмуни ҷумҳуриявӣ 525 довталаб роҳхат гирифт
Бахшида ба 100-солагии адабиётшиноси маъруфи тоҷик Соҳиб Табаров ҳамоишу маҳфилҳои илмӣ-адабӣ доир мешаванд
Донишкадаи умумирусиягии кинематографияи ба номи Сергей Герасимови шаҳри Москва қабули довталабонро эълон намуд