Намояндагони шаҳри Кӯлоб ба шаҳри Қунияи Ҷумҳурии Туркия сафар намуданд

Октябрь 28, 2023 13:45

КӮЛОБ, 28.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. Ҷиҳати таҳким бахшидан ба робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, фарҳангию гуманитарӣ ва рушди соҳаҳои саноату истеҳсолот ҳайати расмии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ва гурӯҳи соҳибкорони шаҳри Кӯлоб ба шаҳри Қунияи Ҷумҳурии Туркия сафари корӣ намуданд, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар».

Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб иттилоъ доданд, дар доираи сафари мазкур ҳайати меҳмонон бо роҳбарияти вилоят ва шаҳри Қуния суҳбату мулоқотҳои мутақобилан судманд анҷом доданд, ки барои густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии минбаъда ва бунёди корхонаҳои нави саноатӣ заминаи мусоид фароҳам оварда шуд.

Дар ин раванд меҳмонон бо фаъолияти як қатор корхонаҳои саноатӣ ва муассисаҳои илмию фарҳангии шаҳри Қуния шинос шуда, чиҳати густариши робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва фарҳангию гуманитарӣ санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расонида шуданд.

Ҳайати меҳмонон дар маросими ифтитоҳи расмии Намоишгоҳи байналмилалии пойафзол «Master Shoes» иштирок намуда, зимни мулоқот ва вохўриҳо аз сармоягузорон ва соҳибкорони шаҳри Қуния барои бунёди корхонаҳои нави саноатӣ дар ҳудуди шаҳри Кӯлоб, ба хусус дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» даъват карда шуд.

Мавриди тазаккур аст, ки шаҳри бостонии Кӯлоб бо шаҳри Қунияи Ҷумҳурии Туркия бародаршаҳр буда, то инҷониб байни ин шаҳрҳо Созишнома оид ба ҳамкории тиҷоратӣ-иқтисодӣ, илмӣ-техникӣ ва гуманитарию фарҳангӣ ба имзо расонида шудааст.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб

Октябрь 28, 2023 13:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд