Намояндаи Тоҷикистон дар конфронси байналмилалӣ дар Русия иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 07.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. 3 октябр бо ташаббуси Маркази иттилооти илмӣ-таҳлилии Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Русия ва дастгирии Котиботи Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия дар мавзуи «Вазъи Афғонистон ва таъсири он ба амнияти минтақа» Конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор гардид, ки дар он директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода иштирок ва суханронӣ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар ин марказ хабар доданд.
Дар кори конфронс намояндагони Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон, Узбекистон ва Эрон иштирок намуда, доир ба вазъи сиёсӣ, амниятӣ ва иқтисодии Афғонистон пас аз ду соли ҳукумати Толибон дар ин кишвар, пайомадҳои он барои давлатҳои ҳавзаи СААД ва берун аз он мубодилаи афкор намуданд.
Баён гардид, ки бе ташкили ҳукумати фарогири сиёсӣ ва этникӣ дар ин давлат таъмини низоми муассири идоракунӣ, амният ва рушди осоишта имконнопазир аст.
Конфронси байналмилалӣ бо муколамаи судманд дар атрофи вазъи имрӯзаи Афғонистон ва таъсири он ба давлатҳои минтақа ва ҷаҳон хотима ёфт.
АКС: Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Теҳрон масъалаи баргузории чорабиниҳои илмию фарҳангии Тоҷикистону Эрон баррасӣ гардид
Дилрабо Мансурӣ дар Конфронси дуюми ҷаҳонии вазирон оид ба хотима додан ба зӯроварӣ нисбат ба кӯдакон иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Аҳмадии Кувайт вохӯрӣ намуд
Консули генералии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирск бо донишҷӯёни тоҷик ва намояндагони ҷамъиятҳои тоҷикони муқими минтақаи Сибир мулоқот намуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Озарбойҷон муаррифӣ гардид
Густариши робитаҳои корӣ байни доираҳои соҳибкории Тоҷикистон ва вилояти Кургани Русия баррасӣ гардид
Дар Минск имконоти сармоягузории Тоҷикистон муаррифӣ гардид
Дар Душанбе нашри олмонии китоби «Тоҷикон» муаррифӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо муовини Президенти Эрон вохӯрӣ намуд
Дар Москва бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор гардид
Консули генералии Тоҷикистон дар Екатеринбург бо муовини губернатори вилояти Курган мулоқот намуд
Дар Миср китоби «Тоҷикистон-гаҳвораи таърих ва тамаддун дар Мовароуннаҳр (Осиёи Марказӣ)» муаррифӣ гардид






