Қобилҷон Хушвахтзода дар Минск бо донишҷӯёни тоҷик, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии Беларус таҳсил менамоянд, вохӯрӣ намуд

Октябрь 7, 2023 19:42

ДУШАНБЕ, 07.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода ва ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи амадемик М.Осимӣ Қудрат Давлатзода бо донишҷӯёни тоҷик, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Беларус таҳсил менамоянд, вохӯрӣ намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Донгишгоҳи миллии Тоҷикистон хабар доданд.

Вохӯрӣ дар доираи Форуми дуюми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Беларус ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар шаҳри Минск доир гардид, баргузор шуд.

Зимни вохӯрӣ ректорон дар робита ба дастгириҳо ва иқдомҳои  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ҷавонон сухан гуфта, таъкид доштанд, ки Сарвари давлат дар самти илмомӯзии ҷавонон дар дохил ва хориҷи мамлакат таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд.

Дар ҷараёни суҳбат оид ба мавзуъҳои худшиносии фардӣ ва миллӣ, масоили ватанхоҳиву соҳибватанӣ, сарфакорию донишазхуднамоии ҷавонон, даст назадан ба ҷинояту ҷинояткорӣ, худдорӣ аз андешаҳои носаҳеҳ, сайқал додани донишҳои ҳуқуқию сиёсӣ, сатҳи забондонӣ, дарк намудани равандҳои гуногуни ҷаҳонишавӣ ва ғайра андешаҳои ҷолиб баён карда шуданд.

Тазаккур дода шуд, ки  ҷавонон бояд ҳар лаҳзаи худро ғанимат шуморанд ва пайваста аз пайи мутолиа гарданд. Ба масъалаҳои иқтисодию иҷтимоии мамлакат ва ҷаҳон воқеъбинона назар намоянд, фарҳанги баланди сиёсӣ дошта бошанд ва манфиатҳои миллиро пайваста пуштибонӣ намоянд.

Ҳамчунин ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода барои донишҷӯёни Донишгоҳи миллии техникии Беларус дарси кушод гузаронида, маърӯза намуд.

Бояд гуфт, ки вохӯрии мазкур аз ҷониби иштирокчиён дар самти такмили  донишҳои ҳуқуқию сиёсии ҷавонон ва таҳкими худшиносию ватандӯстии онҳо муҳим арзёбӣ мегардад.

Тавре қаблан иттилоъ додем, дар доираи ҳамкории дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Беларус дар шаҳри Минск Форуми дуюми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон ва Беларус доир гардид. Кори форум дар бахшҳо идома ёфта, дар бахши дуюм — «Технологияи рақамӣ дар соҳаи маориф» аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Қобилҷон Хушвахтзода модератор интихоб гардид.

Дар ин бахш муҳимтарин масъалаҳои низоми маориф аз ҷониби намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии ду давлат – Тоҷикистон ва Беларус мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ёдовар мешавем, ки ба шарофати сиёсати хирадмандона ва созандаи роҳбарони олии Тоҷикистон ва Беларус рушди илму маориф дар тамоми давра ба самти муҳимтарин ва афзалиятноки сиёсати давлатӣ табдил ёфтааст.

Форуми дуюми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон ва Беларус ба рушди муносибатҳои минбаъда такони ҷиддӣ мебахшад.

АКС: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Октябрь 7, 2023 19:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва Муассисаи фарҳангии АКК Созишнома оид ба омӯзиши забони ҷопонӣ ба имзо расид
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб 53 бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 баргузор мегардад
Дар Душанбе доир ба ташаккули маърифати зиддикоррупсионӣ ҳамоиш баргузор гардид
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон соҳиби аккредитатсияи байналмилалии институтсионалӣ гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Бадахшон 300 муассисаи таҳсилоти умумӣ ба истифода дода шуд
Дар даври сеюми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ беш аз 16 ҳазор нафар донишҷӯ шуданд
Дар шаҳри Кӯлоб муассисаи таълимӣ баъди таъмиру навсозӣ ба истифода дода шуд
Донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар Олимпиадаи байналмилалӣ оид ба бехатарии молиявӣ иштирок намуданд
Ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон зиёда аз 842 ҳазор китоби дарсии «Забони русӣ» ворид гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ ду маркази муосири таълимӣ ба истифода дода шуд