Обуҳавошиносони тоҷик моделҳои муосири пешгӯикунандаи обшиносиро меомӯзанд
ДУШАНБЕ, 08.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. Аз 26 сентябр то 4 октябр дар шуъбаи пешгӯии обшиносии Маркази пешгӯии обуҳавосанҷии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон омӯзиши моделҳои «АРМГИДРО» ва «ГИС МЕТЕО СТОК» амалӣ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар агентии обуҳавошиносӣ хабар доданд.
Тавре иттилоъ дода шуд, барои ба омӯзиш фаро гирифтани мутахассисони соҳавӣ коршиносони Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи Маркази илмию истеҳсолии «MAP MAKER»-и Федератсияи Русия даъват гардиданд.
Дар ин даври омӯзишӣ мутахассисони соҳавӣ истифодаи моделҳои мазкурро омӯхта, донишҳои назариявӣ ва амалии худро сайқал доданд.
Бояд изҳор намуд, ки моделҳои «АРМГИДРО» ва «ГИС МЕТЕО СТОК» барои коркарди маълумоти ҳаррӯзаи обшиносӣ истифода мегарданд.
АКС: Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид
Доир ба танзими давлатии соҳаи истеҳсолоти иҷро машварати омӯзишӣ баргузор шуд
Дар Тоҷикистон аз 17 то 19 март бориши борон пешгӯӣ мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Пудина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид
НАВРӮЗ – ОМИЛИ ПОЙДОРИИ ВАҲДАТ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Ню-Йорк масъалаҳои тавсеаи имкониятҳои занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Оид ба дурнамои нави ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд
Намояндагони Тоҷикистон дар Ню-Йорк дар ҳамоиш оид ба ҳуқуқи занон ба замин иштирок намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон оғоз гардид






