ҶОМИ КФО-2023/24. Пагоҳ бозии дастаҳои «Равшан»-и Тоҷикистон ва «Алтин Асир»-и Туркманистон доир мегардад
ДУШАНБЕ, 04.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. 5 октябр дастаи футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2023/24 дар минтақаи марказӣ бо дастаи футболи «Алтин Асир»-и Туркманистон дар сафар бозӣ менамояд. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
21 сентябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор бозии даври аввали марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2023/24 дар минтақаи марказӣ байни дастаҳои футболи «Равшан»-и Тоҷикистон ва «Марв»-и Туркманистон баргузор шуда, бо ҳисоби мусовии 0:0 анҷом ёфт.
Ёдовар мешавем, ки дастаи футболи «Марв»-и Туркманистон дар бозии даври муқаддамотии Ҷоми КФО 2023/24 бар дастаи футболи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон» бо ҳисоби 2 бар 1 пирӯз шуда, ба даври гурӯҳӣ роҳ ёфт.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад
БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад
Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок менамояд






