ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дар шаҳри Душанбе мусобиқаи интихобӣ оид ба футзал баргузор мешавад

Октябрь 3, 2023 15:17

ДУШАНБЕ, 03.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. 7 октябр дар шаҳри Душанбе марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 оид ба футзал дар гурӯҳи «Е» оғоз мешавад. Дар он дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон, Мянмар, Фаластин ва Ҳиндустон барои роҳхати қисми ниҳоии чемпионати Осиё бо ҳам мубориза мебаранд. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври аввали марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 7 октябр бо дастаи мунтахаби Ҳиндустон бозӣ менамояд. Дастпарварони Пайрав Воҳидов 9 октябр дар даври дуюм бо футзалбозони Фаластин рақобат намуда, дар даври ниҳоӣ-11 октябр бо дастаи мунтахаби Мянмар вомехӯранд. Ҳамаи бозиҳо дар Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обии шаҳри Душанбе баргузор мешаванд. Нархи чиптаи одӣ 20 сомонӣ ва чиптаи категорияи «СIP» 50 сомонӣ мебошад.

Қобили тазаккур аст, ки ғолибони ҳашт гурӯҳ, инчунин ҳафт дастаи беҳтарини ҷойи дуюм ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2024 оид ба футзал, ки аз 15 то 26 апрели соли оянда дар Тайланд баргузор мешавад, роҳ меёбанд.

Мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 оид ба  футзал

Гурӯҳи  «Е» — Тоҷикистон, Мянма, Фаластин ва Ҳиндустон

Даври 1-ум | 7 октябр

16:00 – Мянма – Фаластин

19:00 – Тоҷикистон – Ҳиндустон

Даври 2-юм | 9 октябр

16:00 – Ҳиндустон – Мянма

19:00 – Фаластин – Тоҷикистон

Даври 3 | 11 октябр

16:00 – Фаластин – Ҳиндустон

19:00 – Тоҷикистон – Мянмар

 АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Октябрь 3, 2023 15:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад
БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад
Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок менамояд